Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз мақомоти Арабистони Саъудӣ даъват кардааст, то дар бунёди неругоҳи барқи обии Роғун мусоидати молӣ кунад. Бино ба маълумоти Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров шоми 23 январ дар шаҳри Риёз зимни дидор бо Муҳаммад ал-Мазият, муовини вазири молияи Арабистони Саъудӣ гуфтааст, кишвар ба бунёди иншооти бузурги барқи обиро аз сар гирифта, вале ба далели бӯҳрони шадиди иқтисодию молӣ “ба қарзҳои дарозмуддати имтиёзӣ барои татбиқи босифати ин лоиҳа, аз ҷумла, ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саъудӣ эҳтиёҷ дорад”.
Ҷониби Арабистони Саъудӣ гуфтааст, ин мавзӯъ дар дасти баррасӣ қарор дошта ва мумкин аст ин масъала дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ин ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмӣ дар шаҳри Риёз дар соли ҷорӣ матраҳ шавад. Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар ҷараёни иҷрои тарҳи “Чашмандоз-2030”-и Арабистони Саъудӣ ин кишвар дар бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, истифодаи муштарак аз захираҳои ғании оби ошомиданӣ ва коркарди маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.
Муҳаммад ал-Мазият гуфтааст, кишвараш қасд дорад тавассути Бунёди рушди Саъудӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. То ба ҳол ин Бунёд дар сохтмони роҳҳою беморхонаҳои Тоҷикистон мусоидати молӣ кардааст.
Ҳайати парлумони Тоҷикистон бо раҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар як сафари шашрӯза дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. Ӯ рӯзи 22 январ бо шоҳ ва раиси парлумони он кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.