Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов – ҳуқуқдони зиндонӣ – аз додситони кулл Юсуф Раҳмон талаб кардааст, то нафари таҳти ҳимояташро бар асоси Қонуни афв раҳо кунанд. Ӯ рӯзи 21 январ, дар рӯзи 40-солагии Шӯҳрат Қудратов, бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, "бори дигар тамоми меъёрҳои қонуни афвро таҳлил карда ва мутмаин шудам, ки Шӯҳрат Қудратов бар асоси ин қонун афв ва озод карда мешуд. Барои ҳамин, аз додситони кулл мехоҳам, риояи қонун аз тарафи афроди дахлдорро таъмин ва қонуни афвро нисбат ба Шӯҳрат Қудратов татбиқ кунад." Зоиров гуфтааст, барои афви Шӯҳрат Қудратов ду асос вуҷуд дошт ва маҳрум кардани ӯ аз ин имконият "ҷинояти мансабӣ аст".
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард. Баъдан Додгоҳи олӣ ин ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард. Додгоҳи олӣ эълон кард, моддаи 247, қисми 4, яъне “қаллобӣ” аз парвандаи Қудратов ҳазф шуда, ба ҷои он 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин, ҳукми ин вакили мудофеъ аз рӯи моддаи 320, яъне “пешниҳоди пора”, тағйир дода шуда, аз се як ҳиссаи он кам карда шудааст.
Шӯҳрат Қудратов, ки дар парвандаҳои пурсарусадои солҳои охир аз манфиатҳои афроде, чун раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистон, ҳимоят кардааст, 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.
Мақомот гуфтанд, ӯ мехост аз як муваккилаш бо номи Амиралӣ Суламаев, ки ба қаллобӣ айбдор мешуд, барои бастани парвандааш 2000 доллар гирифта, ба як додрас бидиҳад. Аммо Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми зиндони ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба мавқеи фаъоли шаҳрвандиву сиёсии ӯ, аз ҷумла дар рафти ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов рабт медиҳанд.