Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерале, ки ҳанӯз худро сарбоз медонад... Рустами Эмомалӣ то кай шаҳрдори Душанбе боқӣ мемонад? ВИДЕО


Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳар хабари мусбаташ ҳам ба думбол паёми хос дорад​. Президент Раҳмон паём дод, ки соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон мекунад. Онро ҷиддӣ нагирифтанд. Ҳадс зада шуд, ки мисли солҳои дигар, ки чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳатман ягон унвон доранду иқдоми ҷиддие барои масоили мавҷуда сурат намегирад, соли ҷавонон ҳам "барои зебаш" хоҳад буд.

Хабари коҳиш ёфтани лимити барқ ва ахбори тасдиқнашуда, ки гӯё аз 14 январ лимитро ба пуррагӣ барҳам мезананд низ, ҳоло маьлум мешавад, ки бесабаб набудааст. Шояд ба хотири зеҳниятсозӣ бошад. Аммо ин савол барои доираҳои таҳлилӣ ва коршиносӣ бояд бисёр ҷиддӣ гирифта шавад, ки оё дар ҳақиқат Тоҷикистон ба худкифогии энергетикӣ наздик шудааст, ё танҳо "замона тақозо дорад"? Ин масъала барои ҳукумати Душанбе аз қабили масоили стратегӣ мебошад.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Пас аз референдуми моҳи майи соли гузашта барои ҳукумат ду масъалаи ҷиддии ҳалношуда боқӣ монд. Яке - ба хостаҳояш наздик кардани интиқоли қудрат ва дигарӣ - аз мансаб барканор кардани шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев. Барои стратегия, ё хостаи аввал, яқинан ягон монеаи ҳуқуқӣ боқӣ намондааст. Ба ҳар сурат, барои президент Раҳмон дигар масьалаи аз қудрат рафтан мушкили ҳуқуқӣ надорад. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ягона нерӯи сиёсии ба маъно мухолиф вале камтаъсир дар ҷомеа, маъракаҳои Раҳмонро дигар "интихоботи номашрӯъ" номида наметавонад. Акнун Қонуни асосӣ ин иҷозатро додааст, ки Пешвои миллат ба таври номаҳдуд номзад ба президентӣ шавад ё ҳади ақал, духтараш Озода Раҳмон, ё писараш Рустами Эмомалиро, ки акнун синну солаш барои номзадӣ мувофиқат мекунад, ба курсии президентӣ шинонад ва "ҳарфи ахирро" худаш гӯяд. Манзур, ҳукуматро амалан зери назорат гирад... Аммо чаро масъалаи Убайдуллоев дар миён афтод?

Нафари ҳоло ҳам расман дуввуми Тоҷикистон, ба эҳтимоли қавӣ 12 сол пеш - баьди интихоботи парлумонии соли 2005 ва ба курсиҳои таъсиргузор нишастани "бархе ҷавонони ояндадор"-ро шояд дарк намуд, ки яъне "замони ӯ гузаштааст". Аз ҳамин хотир, ба иҷрои тақрибан ягон масъалаи муҳим, ки марказҳои қабули қарор қабул мекард, дахолат намекард. Амбитсияҳоеро, ки агар то ин замон дошт, акнун ба масоили дигари ҷиддитар иваз намуд. Ошкоро изҳор ҳам намуд, ки қавл додааст ва "то замоне, ки президент Раҳмон дар қудрати сиёсӣ монданист, бо ӯ рақобат намекунад". Агар ба ин қавли инсонӣ итминон нашуд, пас мавзӯь ба ҷои дигар бармехӯрад. Ҳади ақалл ба се нукта. Якум, гароишҳои

сиёсиаш, ки ба назари таҳлилгарон бештар майлони кремлгароӣ дорад. Зимнан, моҳи августи соли 2016 президенти Русия Путин барои саҳмаш дар тақвияти дӯстиву ҳамкориҳои миёни ду кишвар ба Убайдуллоев ордени "Дӯстӣ" тақдим кард (барои "сиёсати дарҳои боз"-и ҳукумат, агар ин меьёр ҳоло зарур аст, мансаби тақрибан шартиву иҷтимоии Убайдуллоев дар Маҷлиси Миллӣ кифоя аст). Дуюм, дар ҳукумат ба таври истисноӣ "дигар" аст ва баьзан иқдомоти мустақилонае анҷом медиҳад (Бигзор тасмимҳо барои робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои зери назорат гирифтани ин гурӯҳи одамон, ё ҳамчун институти муҳими давлатӣ қабул карданашон самимона бошад, аммо марказгароиро, ки ин гуна ҳолатро ҳанӯз напазируфтааст, зери суол набарад). Сеюм ва аз ҳама асосӣ - танҳо аз Убайдуллоев ба сифати шахсе ном мебурданд, ки аз мақомдорони раддаи аввал пеш аз соли 1992 мақому мартаба дошт ва аз ин рӯ, бахшҳои муҳимтарини ҳукуматро дар солҳои аввал роҳбарӣ мекард. Ин гуна хулоса, хоса дар муҳите, ки ҳама чиро ба номи як нафар сабт мекунанд, наметавонист бидуни баррасӣ ва вокуниш монад. Бештар аз ин, дар дохили ҳукумат хуб медонистанд, ки ба фарқ аз дигар шахсиятҳо гӯё барканор кардани Убайдуллоев осон нест. Ин нукта барои бархе доираҳо шояд бисёр нофорам менамуд... Акнун ҳич масъала намонд.

Барои Рустами Эмомалӣ, ки акнун дар курсии ёри вафодори падараш мешинад, шояд мушкилие зимни роҳбарӣ дар пойтахт пеш наояд. Ҳарчанд дар байни онҳое, ки ба ҳайси муовин барояш оварданд, шахсиятҳои огоҳ аз муҳити шаҳрсозӣ нест, аммо худи Рустам бо ин ки писари Пешвои миллат аст, акнун дар муҳити мо "вазни бештар аз як сохторро дорад". Тавонмандиҳои бештарашро ё надидем, ё гуруҳи таблиғиаш муаррифӣ карда натавонистанд.

Рустами Эмомалӣ, ки қаблан унвони генералиро дошт, дар ҷаласаи аввали шаҳрдорӣ хоксорона худро "сарбоз" номида, гуфт падари пешвояш ҳар тасмимеро нисбаташ гирад, омодааст, паи иҷро бошад. Аммо мавзӯи "ҳар тасмиме" нисбати писари калонии президент дар фазосозии вақтҳои ахир бисёр калидӣ ба назар мерасад. Ҳоло мисле, ки имиҷсозӣ барои ӯ аз рӯи принсипи "хуб мегӯед ё бад, дар бораи ӯ гӯед", сурат мегирад. Агар принсип ҳамин бошад, ҳатто интиқод ҳам дар сафҳаҳои матбуот ё шабакаҳои иҷтимоӣ коромад хоҳад буд.

Вале саволи асосӣ ҳоло дигар аст: оё Рустами Эмомалӣ дар курсии шаҳрдорӣ чӣ қадар хоҳад нишаст? Чун як принсипи дигари имиҷсозӣ аз ӯ зуд-зуд иваз кардани мансабҳо ва ҳамин тавр дар даҳони мардум паҳн кардани номи ӯ ба назар мерасад. Ҳоло дигар муҳим нест ӯро кай ва ба куҷо интиқол медиҳанд. Он тарафаш, тавре мегӯянд, "кори техникӣ". Убайдуллоев бе ягон мухолифат ва ҳатто бо орден аз мақом барканор гардид ва ба ҷояш ҷавони ояндадор омад. Баъди ӯ ҳар каси дигар, масалан вазири собиқи тандурустӣ, ки ба мансаби пасттари раиси ноҳияи Сино омад, метавонад ҷойгузин бошад, ё хеши дигари президент Раҳмон - шаҳрдори Қӯрғонтеппа. Дигар муҳим нест. Ях об шуд...

Коршинос Раҷаби Мирзо, махсус барои Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG