Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми мураббии бокс барои дуздии 48 000 $-и корманди гумрук


Муъмин Норматов, мураббии бокс, ба 22 соли зиндон маҳкум шуд
Муъмин Норматов, мураббии бокс, ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми се нафари муттаҳам ба ғорати хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори шӯъбаи аудити Идораи гумруки Хатлонро эълон кард. Дурандеш Иброҳимзода – додраси парванда – рӯзи 11 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мӯъмин Норматов, мураббии бокс ва раҳбари ин гурӯҳ 22 сол, Фарҳодҷон Норматов 18,5 ва Раҷабалӣ Одинаев 18 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин се нафар сокинони ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ҳастанд.

Дар ҳодисаи дуздӣ писари ноболиғи корманди Идораи гумруки вилояти Хатлон ҷароҳат бардошта буд.

Иброҳимзода афзуд, ду узви дигари ин гурӯҳ – Рӯзибой Норматов ва Кароматулло Қурбонов – дар дохили кишвар ва Русия боздошт гардида, феълан баррасии парвандаашон идома дорад. “Бо ин ҳол, ҳукми се нафари аввал ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва вакилону наздикони онҳо ҳаққи шикоят карданро доранд”, - таъкид намуд додрас.

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Парвандаи ин афрод бар асоси моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “роҳзанӣ, ҳуҷум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок” баррасӣ шудааст. То кунун наздикони маҳкумшудаҳо дар бораи қарори додгоҳ изҳори назар накарданд.

Ҳамла ба хонаи Қурбон Зуҳуров ва дуздии 48 ҳазор доллар аз манзили ӯ шаби 7 ба 8 сентябри соли гузашта рух дод. Бар асоси таҳқиқи пулис, ин гурӯҳ аввал талош кардаанд, дари сейфи пулро кушояд, аммо баъди пайдо шудани соҳиби хона ба ӯ ҳамла карда, бо зарби корд захмӣ намудаанд. Тафтишот мегӯяд, ҳамлаварон баъдан сандуқи оҳанинро гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Инчунин, дар ин ҳодиса писари ноболиғи корманди Идораи гумруки вилояти Хатлон ҷароҳат бардошта буд. Мақомот мегӯянд, ин гурӯҳи роҳзанҳо дасту пойи ҳамсар ва як духтари Қурбон Зуҳуровро барои дахолат накардан бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Норматов, бародари Мӯъмин Норматов, дар сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародари ӯ гуноҳе надошт, вале дӯстонаш ӯро аз роҳ заданд. Юсуф Норматов гуфта буд, бародараш варзишкори муваффақ аст, ки шогирдонаш борҳо дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ пирӯз шудаанд. «Толори варзишӣ дорад, шогирдонаш зиёданд. Ман бовар намекунам, ки вай худаш ба ин кор даст зада бошад. Ӯро аз роҳ задаанд”, - шарҳ дод ӯ.

Зимнан, Мӯъмин Норматови 41-сола дар баробари варзишгари муваффақи бокс ё муштзан будан, мактаби варзишие низ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дорад, ки шогирдони зиёде дар он тамрин мекунанд.

Қурбон Зуҳуров бештар аз як сол боз дар вазифаи сардори шӯъбаи аудити Идораи гумруки вилояти Хатлон кор мекунад. ​Аммо расман гуфта нашудааст, ки 48 ҳазор доллари рабудашуда пули шахсии Қурбон Зуҳуров аст, ё аз раёсати таҳти тобеаш, ки дар хонаи худ нигоҳ медошт? Як корманди гумруки вилояти Хатлон бидуни бурдани номаш гуфт, онҳо ҳаққи дар хонаи худ нигоҳ доштани пули корхонаро надоранд ва «тахмин меравад, ки ин миқдор пул аз худи Қурбон Зуҳуров аст».

Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳамла ба хотири пул сурат гирифтааст
Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳамла ба хотири пул сурат гирифтааст

Бархе аз сокинон дар минтақаҳои кишвар мегӯянд, ки тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо бештар ёфтааст. Ахиран афроди номаълум аз манзили раҳбари собиқи НСИФТ ё "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб низ ҳудуди 120 ҳазор долларро ба яғмо бурданд. Як пажӯҳиш ҳам муайян кардааст, ки 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоранд. Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, моҳи июни соли гузашта гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.

XS
SM
MD
LG