Сафаралӣ Назиров, муҳандиси ҷавони тоҷик, ки муддате дар бунёди нерӯгоҳи Роғун кор кардааст, акнун навори бастани маҷрои дарёи Вахшро аз сӯи раиси ҷумҳур такрор ба такрор тамошо мекунад. Сафаралӣ рӯзи 1 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар хабару гузориш дар мавриди нерӯгоҳи Роғун барояш муҳиманд. "Вақте ҳар навори Роғунро мебинам, хаёл мекунам, ман ҳам дар онҷоям. Фикр мекунам, ҳамроҳи ҳамкорон дар сохтмон ҳастам. Аммо афсӯс...", - афзуд ӯ.
Айни замон бо кушода шудани гиреҳи мушкили Роғун як мушкили Сафаралӣ низ ҳалли худро пайдо кард.
Афсӯси давомдори Сафаралӣ аз он аст, ки дар пайи як ҳодисаи нохуш дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли 2010 пояш маҷруҳ шуд ва ӯ дигар имкон надорад, мисли қабл ба ҳайси муҳандиси сохтмон фаъолият кунад. Сафаралӣ фоҷиаи 13 июли он солро ҳар рӯз ба хотир меорад: "Кор шабонарӯзӣ идома дошт. Мо ҳамон шаб соати 1 аз кор рухсат шудем. Субҳ хостам як қисмати кори анҷомшударо тафтиш карда ва баъдан ба комиссияи давлатӣ пешниҳод кунам. Дидам, ки корҳо хуб аст. Ҳангоми фаромадан бо як дастам “арматура”-и муваққатан кафшершударо медоштам, ки он шикаст ва аз баландии 8 метр ба замин сарозер шудам."
Баъди афтодан Сафаралӣ танҳо дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳуш омад. Пизишкон аз шикастани се мавзеи устохони пой, манаҳ ва дандонаш ба ӯ хабар доданд. Ду моҳу шаш рӯз дар бемористон ва чор моҳ зери гаҷлӯла (гипс) захмҳои ӯро шифо доданд. Ба ҷуз аз пояш, ки баъди раҳо шудан аз гаҷлӯла дигар қату рост намешуд.
Чунки табибон ҳангоми муоинаи пояш шикастани устухони кӯлчаи пойи ӯро надидаанд ва дар ин муддат устухон ба шакле сабзидааст, ки дигар пойи ӯ қату рост намешавад.
Тайи муддате, ки Сафаралӣ машғули табобат ва талош барои мустақилона роҳ рафтанро дошт, сохтмони Роғун низ мисле ки дучори садама шуд. Дар пайи шикоят ва исрори ҳамсояҳои поёноби Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳ қатъ шуд. Тоҷикистон вориди марҳилаи дурударози арзёбии фанниву зистмуҳитии Роғун шуд.
Кишвар чор сол мунтазири посухи коршиносони байналмилалӣ монд. Билохира коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба тарҳи нерӯгоҳои Роғун хулосаи мусбат дода гуфтанд, “сохтмон амн ва истифодаи сарбанд дар ҳудуди Роғун имконпазир аст”. Пас аз «ок»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар Алма-Ато “тӯб ба дасти Душанбе” гузашт. То кунун Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба ҳайси пудратчии кулл - ширкати итолиёвии Солини Импреҷилоро киро карда, пас аз 25 сол дубора маҷрои Вахшро дигар намуд ва барои бунёди сарбанд замина гузошт.
Айни замон бо кушода шудани гиреҳи мушкили Роғун як мушкили Сафаралӣ низ ҳалли худро пайдо кард. Се соли аввал кулли харҷи табобатро худи ӯ ва бародарону наздиконаш пардохт мекарданд. Аз ширкате, ки ӯ қаблан кор мекард, дараке набуд ва кордеҳ барои коргари дар макони кор маҷрӯҳшудааш пуле пардохт намекард. “Се соли аввал аз ҷониби ширкат ягон ёрдаме набуд. Баъд тавассути як адвокат ман тамоми ҳуҷҷатҳоро таҳия кардам. Акнун ба ин ноил шудем, ки ширкат барои табобати ман ҳар моҳе 840 сомонӣ ҷубронпулӣ падохт мекунад”, - афзуд ӯ.
Вале ба қавли Сафаралӣ, имкони бозгашт ба корро надорад, ҷубронпулии кордеҳи собиқаш барои харидани дору, ки ӯ доимо ба он ниёз дорад, кифоя нест. Ин муҳандиси тоҷик ҳамкнун ду орзу дорад: яке барои худаш ва дигаре барои мардуми тоҷик: “Орзу дорам, ки рӯзе шавад нерӯгоҳи Роғун ба кор дарояду мушкили барқи мо поён ёбад. Нақшаи дигарам ин аст, ки саломатиамро дубора барқарор кунаму дар иншооти дигари муҳими кишвар мисли Роғун саҳми худро гузорам...”