Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагии Ватикан дар Тоҷикистон аз милоди Масеҳ таҷлил кард


Падар Педро, роҳиби калисои католикии Душанбе
Падар Педро, роҳиби калисои католикии Душанбе

Ҳудуди 80 пайрави фирқаи католики масеҳият шаби 24 ба 25 декабр дар Маркази фарҳангии Ватикан дар Тоҷикистон аз ҷашни милоди Масеҳ ё Крисмас таҷлил карданд. Мессаи ҷашниро роҳиби аргентинии ин марказ Педро Лопес қироат кард. Вале Педро имсол ба фарқ аз солҳои гузашта ба хабарнигорон иҷозаи аксу наворбардорӣ аз ин маросимро надод.

Ӯ баъд аз анҷоми ин маросим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, манъи аксу наворбардорӣ аз ҷашн ба хотири таъмини амнияти марказ ва пайравони фирқаи католик аст. Педро Лопес дар баробари роҳиби Маркази фарҳангии католикӣ будан, ҳамзамон Нунсиатураи опостолии Ватикан ё роҳбари сафорати Ватикан дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Падар Педро зодаи Аргентина аст ва 13 сол боз дар Тоҷикистон ҳамчун ходими дин фаъолият дорад. Ҷашни милоди Масеҳро пайравони масеҳият дар санаҳои гуногун - католикҳо шаби 24 ба 25 ва фирқаи провослав ё ортодоксҳо 7 январ таҷлил мекунанд. Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои мавлуди Исои Масеҳ зикр нашуда, он дертар аз тарафи яке аз ҳокимон таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG