Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки пули билетҳоро бармегардонад


Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мегӯяд, ки ба далели қатъ шудани парвозҳо ба Русия, бо қарори ҷониби Макав, рӯзи 23-юми декабр парвоз дар хатсайри Душанбе-Оренбург анҷом нашуд. Тоҷикистон дар посух ба қарори Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии"-ро ба ин кишвар манъ кард. Парвоз дар хатсайри Душанбе-Оренбург, ки қарор буд соати 9:30 дақиқаи субҳи 23 декабр анҷом мешуд, сурат нагирифт ва ҳудуди 100 мусофир натавонистан ба манзил бирасанд.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса ба манъи парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои минтақавии Русия рабт мегирад. Ҷаноби Бандишоев гуфт: "Ба ҳамаи мусофироне, ба ин хатсайр билет харидорӣ карданд, пулашон баргардонида мешавад. Арзиши миёнаи як билет 1370 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ширкат аз мусофирон узрхоҳӣ мекунад, ки имкон дорад парвозҳо ба шаҳрҳои Краснодар, Красноярск ва Иркутск низ анҷом нашавад.”

Як мусофир, ки худро Нозим Одилов муаррифӣ кард, рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд, имрӯз ба Оренбург ба назди бародараш парвоз кунад. “Танҳо дар фурудгоҳ хабар ёфтам, ки парвоз намешавад. Вақти билетхарӣ дар ин бора огоҳ накарданд. Акнун бо ширкати дигар меравам. Бародарам дар бозори Оренбург кор мекунад. Ман бояд ба наздаш равам”,-афзуд Нозим Одилов.

Ҳамзамон масъулони ин ширкат ибрози умедворӣ карданд, ки дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар шаҳри Маскав роҳҳои ҳалле барои мушкили парвозҳо миёни ду кишвар пайдо шуда ва аз ҳафтаи оянда "Сомон Эйр" парвозҳои худро дигарбора ба шаҳрҳои Русия аз сар гирад.

"Сомон Эйр" дар ҳафтае чор бор ба Қазон, дуборӣ ба Екатеринбург, Красноярск, Оренбург ва якборӣ ба Иркутск, Новосибирск ва Сочи парвоз анҷом медод. Масъулони ин ширкат гуфтанд, ҳанӯз дар бораи мизони хисороти ворида аз манъи парвозҳо ба шаҳрҳои минтақавии Русия, ки дар як ҳафта 16 парвозро ташкил медиҳад, бармаҳал аст. Вале ба гуфтаи онҳо, мутаваққиф шудани парвозҳо бештар бар зарару сарсонии мусофирон, бахусус, муҳоҷирони кории тоҷик хоҳад буд.

Русия аз рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирскро манъ кард. Вале дар ҳоли ҳозир ин "таҳрим" ба парвози ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад.

Фурудгоҳи "Жуковский"-и Маскав
Фурудгоҳи "Жуковский"-и Маскав

Темур Ҳикматов, сухангӯи вазорати нақлиёти Русия рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар рӯзи 22 декабр дар мавриди танзими парвозҳо миёни ду кишвар бидуни натиҷа анҷом ёфтааст. Ҷаноби Ҳикматов гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон мувофиқатномаи умумӣ ва протоколи 7 ноябри соли ҷорӣ миёни ин ду кишвар дар заминаи танзими парвозҳоро риоят накарда ва ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷоза надодааст.

Сухангӯи вазорати нақлиёти Русия дар ин замина гуфт, ки “ба унвони чораи ҷавобӣ ҷониби Русия аз рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба шаҳрҳои минтақавии ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирск мутаваққиф кард. Дар ҳоли ҳозир ин "таҳрим" ба парвози ҳавопаймоҳои "Сомон-Эйр" ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад”.

Тоҷикистон дар посух ба манъи парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба минтақаҳои Русия, парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии"-ро ба Тоҷикистон манъ кард. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, парвозҳо аз чаҳор шаҳри Русия -- Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба Душанбе аз рӯзи 23 декабр қатъ шудаанд.

Мавзӯи иҷозаи парвоз барои ҳавопаймоҳои ширкати Ямал дар Тоҷикистону Русия баҳсҳоеро бапо кардааст. Дар ҳоле ки тарафи Тоҷикистон мухолифат ва шартҳои худро рӯшан намегӯяд, баъзе афроди огоҳ гуфтанд, ки масъала ба хадамоти арзонтари ширкатҳои русӣ мепечад.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов рӯзи ҷумъа дар робита ба манъи парвозҳо дар байни ду кишвар ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристод ва дурустии мавқеи Тоҷикистонро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ шарҳ дод. Сафир ба бандҳои қарордоди байни ду кишвар ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ ҷониби Русия онҳоро нақз кардааст. Тоҷикистон талаб дорад, ҳаҷми мусофиркашонӣ дар байни ду кишвар баробар тақсим шавад ва афзоиши парвози ҳавопаймоҳои Русияро ба Тоҷикистон нақзи тавозун ва хилофи шартномаи байни ду кишвар арзёбӣ мекунад.

Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки ҳамасола чанд бор аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мекунанд. Ба ин хотир, коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳалли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бояд бо дарназардошти манофеи ду кишвар сурат гирад.

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки миёни ин ду кишвар дар мавриди иртиботи ҳавоӣ баҳсҳоеро сурат мегирад. Дар моҳи ноябри имсол ҷониби Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи навтаъсиси Жуковский дар Маскав эътироз кард ва дар ниҳоят 7 ноябр ду кишвар дар ин масъала ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG