Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони Узбакистон имсол ба Душанбе намеоянд


Овозхони узбак Дилнура Қодирҷонова
Овозхони узбак Дилнура Қодирҷонова

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, имсол баргузории рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар нақшаи ин вазорат нест.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, дар нақшаи соли 2016-уми ин вазорати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар назар гирифта нашудааст. Қаблан хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки ҷониби Узбакистон ба дархости расмии Душанбе дар мавриди баргузории Рӯзҳои фарҳангаш дар Тоҷикистон то ҳол посух надодааст ва ба ин далел ин маърака имсол доир намешавад.

Аммо Абдуғаффор Абдуҷабборов, мудири шӯъбаи равобити байналмилалии вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар нақшаи имсолаи вазорат аслан набуд: “Мо дар нақшаи соли 2016 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон ва Қирғизистон дар Тоҷикистонро дорем ва ҳам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларусу Эронро. Дар масъалаи Узбакистон гуфтугузор ҳам набуд.”

Бори охир Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон ҳанӯз 19 сол пеш, дар соли 1997 доир шуда буд. Аммо баъди ба танишҳои мудавом печидани равобити ин ду кишвари ҳамсоя дигар масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон, ба гуфтаи мақомоти вазорати фарҳанг, “дигар бардошта нашуд ва ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ низ зоҳир нашудааст.”

Аммо Абдуғаффор Абдуҷабборов гуфт, моҳи июн дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир мешавад ва дар ин нишаст як ҳайъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба раҳбарии вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода низ ширкат варзид. Масъули бахши равобити байналмилалии ин вазорат гуфт, имкон дорад, ки дар мулоқотҳои ҳошияии нишасти Тошканд ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарони риштаи фарҳанги Узбакистон мавзӯи густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳангиро матраҳ кунад.

Тошканду Душанбе тақрибан аз миёнаҳои солҳои 90 инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд. Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шуда, Узбакистон аз соли 1999 марзҳояш бо Тоҷикистонро мина кошт ва соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Нуқтаи дигари авҷи танишҳо байни Узбакистон Тоҷикистон соли 2010 буд, ки Тошканд ба азми Душанбе барои мустақилона сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзид.

Ихтилофоти сиёсӣ табъан ба равобити фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон низ таъсир гузоштааст. Ба сурати инфиродӣ овозхонҳои узбак ба Тоҷикистону хонандаҳои тоҷик ба Узбакистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд, вале дар чорчӯбҳои расмӣ чунин сафарҳо ангуштшуморанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов
Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов

Дар ду соли охир байни мақомоти ду кишвар чанд мулоқоти муҳиме сурат гирифт, ки умедҳоро ба эҳтимоли шикаста шудани пиряхҳои чандинсолаи ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе бедор кард. Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2014 дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Шанхай дар Душанбе руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов мулоқоти алоҳидае доштанд ва хостори ҳалли масоили ҳалталаб дар равобити ду кишвар шуданд.

Ба дунбол, моҳи январи соли 2015 муовини вақти вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон ва моҳи декабр дар Душанбе нахустин машваратҳои сиёсии ду кишвар дар сатҳи муовинони вазири хориҷа доир шуд.

Аммо ба сурати умум бо гузашти беш аз якуним сол аз мулоқоти Раҳмону Каримов дар Душанбе ҳанӯз пешрафти ҷиддие дар роҳи беҳбуди равобити Тошканду Душанбе ба чашм намерасад.

Имсол нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд доир мешавад ва интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба манзури ширкат дар ин нишаст ба Узбакистон биравад. Ба эҳтимоли ғолиб, дар ҳошияи нишасти Шанхай Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов мулоқоти якбаяк ҳам хоҳад дошт ва дар Душанбе умедворанд, ки ин мулоқоти ду раҳбари аввал ба муносибатҳои то ҳол ноҳамвори ин ду кишвари ҳамсоя такони бештар бахшида, ба фазои ҳанӯз ҳам сарди равобити миёни онҳо насими гармтаре хоҳад вазонд.

XS
SM
MD
LG