Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вазъи Ҳалаб то савгандёдкунии Трамп бад хоҳад шуд"


Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси Созмони Милал дар Сурия
Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси Созмони Милал дар Сурия

Ҳукумати Сурия эҳтимол аст, то маросими қасамёдкунии Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА, ки қарор аст 20 январи соли 2017 баргузор шавад, ба мавзеъҳои шӯришгарон дар шарқи Ҳалаб ҳамлаи наверо оғоз кунад. Ин нуктаро Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси СММ дар Сурия баён дошта, гуфтааст, бо ин амалҳояш Димишқ метавонад Трампро барои ба роҳ мондани муносибат бо Маскав, ки худ ҷонибдори он аст, савқ диҳад.

Қаблан Мистура гуфта буд, агар бомбаборонҳо идома ёбанд, шарқи Ҳалаб то охирҳои моҳи декабр нобуд хоҳад шуд. Вай даъват кард, ҳамлаҳои ҳавоӣ қатъ ва мубоҳисаи сиёсӣ дар бораи ояндаи Сурия оғоз шавад. Дар ҳоли ҳозир, шаҳри Ҳалаби Сурия ба ду қисмат ҷудо шуда, қисми ғарбиро нерӯҳои ҳукуматӣ ва шарқиро шӯришгарон идора мекунанд. Артиши режими Башор Асад бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Русия ба шӯришгарон ҳамла дорад.

Кишварҳои Ғарб борҳо Русияро дар бомбаборони иншооти маданӣ айбдор карданд, ки дар натиҷа Маскав зарбаҳоро қатъ ва танаффуси башардӯстона эълон кард.

XS
SM
MD
LG