Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талоши лағви дахлнопазирии Отамбоев мазҳакаи навбатӣ аст"


Талоши лағви дахлнопазирии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев - мазҳака ё намоишномаи навбатӣ аст. Дар ин бора масъули шуъбаи иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Алмос Усенов хабар додааст.

"Ин намоишномаи соддае аст. Мо кишвари озод дорем, сиёсатмадорону фаъолон ҳар тавре, ки метавонанд, худро муаррифӣ мекунанд. Касе кор мекунад, каси дигар сеҳргарӣ менамояд. Барои мисол, табиб Апас ва ҳуқуқшиноси варзида Текебоев баргузории нишастҳои хабарии ҳангомадорро меписанданд. Яке дигараш - Мотуев - дар зиндон нишаста, ҳангома барпо мекунад", - афзудааст Алмос Усенов.

Ёдрас мешавем, 22 ноябр раиси фраксияи порлумонии ҳизби "Ата Мекен"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, маъракаи лағви дахлнопазирии президенти ин кишварро шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи ин вакил, президент ва атрофиёнаш ҳукуматро ғасб кардаанд. Текебоев гуфт, барои ҷамъоварии ҳуҷҷату далел 2-3 моҳ вақт сарф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG