Омурбек Текебаев, раиси ҷиноҳи "Ота Макон"-и Қирғизистон хостааст, то президент Алмосбек Отамбоев низ дар робита ба қазияи фурӯши саҳмияҳои ҶСП "Алфа Телеком"-и ин кишвар бозпурсӣ шавад.
Текебаев 16 ноябр зимни ҷаласаи порлумон гуфтааст, Отамбоев дар суҳбат бо ҳамтои русаш Владимир Путин кафолат дода буд, ки 51%-и саҳмияҳои ширкати мазкур миллӣ нахоҳад шуд. Вакил дар ин бора ба навиштаи ВАО пас аз соли 2010 такя кард.
Порлумони Қирғизистон 16 ноябр масоили вобаста ба "Белизгейт"-ро ба баррасӣ гирифта, ба ин ҷаласа раиси Кумитаи амният Абдил Сегизбоев, додситони кул Индир Ҷолдубоев ва мудири кулли "Мегаком"-ро низ даъват кардааст.
Ёдрас мешавад, Абдил Сегизбоев ахиран ба президент Алмосбек Отамбоев гуфт, ҳуҷҷатҳое, ки онҳо аз мақомоти расмии Белиз дастрас кардаанд, нишон медиҳад, бархе мақомҳои баландпояи ин кишвар (вакилони кунунии порлумон) манфиатдор буданд, то ширкати "Саутфилд" (эҳтимолан соҳиби он Максим Боқиев аст) моҳи апрели соли 2012 аз фурӯши бахши саҳмияҳои ҳанӯз миллиношудаи ширкати "Алфа Телеком" беш аз 50 миллион доллар ба даст оранд.
Дар ҳуҷҷатҳое, ки дастгоҳи президенти Қирғизистон нашр кард, номи се вакили порлумон аз ҷиноҳи "Ота-Макон" Омурбек Текебоев, Алмамбет Шикмаматов ва Аида Салянова дида мешавад.