Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон таҳдидкунандаи Отамбоевро ҷустуҷӯ дорад


Кормандони хадамоти махсуси Қирғизистон шахсияти корбари Твиттерро, ки Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишварро ба куштан таҳдид кард, муайян мекунанд.

Роҳат Сулаймонов, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки иттилои мазкур мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дошта, шахсияти корбар муайян мешавад.

Корбаре бо номи "Муслим" ахиран дар шабакаи иҷтимоии Твиттер чанд паём нашр карда, дар яке аз онҳо ишора намуд, ки метавонад президенти Қирғизистонро ба қатл расонад. Ҳамчунин Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар куштори мусалмонон айбдор кардааст.

Дар шабакаи иҷтимоӣ маҳалли зисти корбари мазкур Сурия нишон дода шудааст.

XS
SM
MD
LG