Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дороии вакилонро дар оффшорҳо тафтиш мекунад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Додситонии кулли кишвараш дастур додааст, ки дороии вакилон Омурбек Текебоев, Аида Салянов ва Алмамбет Шикмаматовро дар ширкати оффшории "Саутфилд" бисанҷад. Ин ширкат дар гузашта 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи "Алфа Телеком"-и Қирғизистонро дар ихтиёр дошт.

Тибқи хабаре, ки ҳукумати Қирғизистон дар ихтиёр дорад, агар ширкати "Саутфилд" то 1 январи соли 2015 тавониста бошад, ки саҳмияҳои "Алфа Телеком"-ро бо арзиши бештар аз 50 миллион доллари ИМА бифурӯшад, дар он сурат ин се шаҳрванди Қирғизистон ба таври автоматӣ метавонистанд саҳмияҳои "Саутфилд"-ро бихаранд.

Президент дастур додааст, ки додситонӣ ҳамаи ин доду ситадро таҳқиқ кунад.

Додситонии кулли Қирғизистон ҳамчунин дастур гирифтааст, ки баъди ба анҷом расидани таҳқиқ ҷомеаро аз ин доду ситади се вакил огоҳ созад.

XS
SM
MD
LG