Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин масъаларо ба Худо ҳавола карда будам, вале..."


Саиди Тӯсӣ
Саиди Тӯсӣ

Як ҷавони эронӣ иддао дорад, ки Муҳаммади Гандумнажод, маъруф ба Саиди Тӯсӣ – яке аз қориёни шинохтаи байналмилалӣ – ҳафт соли қабл ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ин ҷавон ба шарти фош нашудани номаш ба бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, он вақт 12 сол дошт ва иштирок дар озмуни қироати Қуръон ӯро ба назди Саиди Тӯсӣ бурда буд.

Ин ҷавон мегӯяд, вақте аз сафар баргаштанд, Саиди Тӯсӣ бисёр дар ҳолати тарс қарор дошт ва мегуфт, “накунад, ки ин масъаларо ба падарат бигӯӣ, баъдан бо табар аз пушти ман меояд."

Муҳаммади Гандумнажод як қории маъмулии Қуръон нест, балки шахси шинохташуда дар баландтарин ҳалқаҳои сиёсист, ки ба хонаводаи раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ рафтуомад доштааст. Мусоҳиби бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, даъвои ҳуқуқии онҳо бинобар нуфузу дахолати хонаводаи раҳбар ба шикаст анҷомидааст.

Бо вуҷуди онки Содиқи Лориҷонӣ – раиси қувваи қазоияи Эрон – чанд рӯз пеш бо лаҳни тунд аз шикояткунандагон дар ин парванда хост, бо расонаҳои хориҷ аз Эрон сӯҳбат накунанд, ин ҷавон тасмим гирифт, бо бахши эронии Радиои Озодӣ гуфтугӯ анҷом диҳад. Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯяд, дар 12-солагӣ қурбони озори ҷинсии Саиди Тӯсӣ шуд ва осори он то ҳанӯз бар зиндагиаш соя андохтааст.

Вай афзуд, "дар мусобиқаҳои қуръонӣ иштирок карда ва соҳиби рутбаҳои зиёд будам. Вале як вақт мушкиле бароям пеш омад ва дигар майл надоштам, дар ҷаласаҳои қуръонӣ ширкат кунам." Ин мусоҳиби мо гуфт, соли 2009 як қории байналмилалӣ бо падараш тамос гирифта ва гуфтааст, мехоҳад ӯро бо Саиди Тӯсӣ барои иштирок дар мусобиқаи тиловати Қуръон ба Туркия фиристад.

"Падарам гуфт, то ҳоло бачаамро танҳо ба ҷое нафиристодам. Иҷозат диҳед, агар имконаш ҳаст, ман ҳам бо ӯ биравам. Баъд гуфтанд, на. Падарам гуфт, ман Саиди Тӯсиро намешиносам. Оё вай қобили боварӣ ҳаст? Гуфтанд, бале”, - ба нақлаш идома дод ӯ. Ба қавли ин ҷавон, дар ниҳоят падараш эътимод кард ва ӯро барои мусобиқаи тиловати Қуръон ба Туркия фиристод: "Савори ҳавопаймо, ки шудем, ба ламс кардани рону дигар аъзои бадани ман шурӯъ кард. Вақте ба меҳмонхона расидем ва хостам шустушӯ кунам, Саиди Тӯсӣ якбора урён вориди ҳаммом шуд ва маро, ки дар ҳолати шок ва ҳайрат қарор гирифта будам, озор дод."

Ин ҷавон мегӯяд, вақте аз сафар баргаштанд, Саиди Тӯсӣ бисёр дар ҳолати тарс қарор дошт ва мегуфт, “накунад, ки ин масъаларо ба падарат бигӯӣ, баъдан бо табар аз пушти ман меояд. Ман ин масъаларо ба Худо вогузор кардам ва гуфтам ҳар чи буда... вале эшон боз ҳам маро раҳо карданӣ набуд ва СМС менавишт ва мегуфт, ки мехоҳам 2-3 соат бо ҳам бошем.”

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ дар посух ба ин суол ки чанд нафар шогирдон даргири чунин мушкил бо Саиди Тӯсӣ буданд, гуфт, даҳ нафари онҳоро мешиносад, ки мавриди озори ҷинсии ин шахс қарор гирифтаанд. Ин қории навҷавон мегӯяд, пас аз шикоятҳо алайҳи Саиди Тӯсӣ ба иттиҳоми "ташвиқ ба фасод ва фаҳшо ва таҳрики ҷинсии навҷавонон" ва "иртикоби амалҳои хилофи покӣ ва афъоли ҳаром бо навҷавонон" парванда боз карданд ва ӯ мавриди бозпурсии додситонӣ қарор гирифт. Аммо бо мудохилаи оилаи раҳбарӣ, парванда алайҳи ӯ хомӯш шуд.

Ба гуфтаи ин ҷавон, агар мудохилаи байти раҳбарӣ намебуд, шояд ин парванда ба додгоҳ мерафт ва Саиди Тӯсӣ маҳкум мешуд. Ин ҷавон мегӯяд, ба он хотир ин масъаларо расонаӣ карданд, ки вақте алайҳи онҳо зулм сурат гирифт ва баъд аз панҷ соли пайгирӣ ҳаққи онҳо поймол шуд ва таҳти фишор қарор гирифтанд, маҷбур шуданд ин масъаларо ошкор кунанд ва бо расонаҳо сӯҳбат намоянд.

Баъди пайдо шудани хабари даст доштани қории маъруф дар озору азияти ҷинсӣ миёни тарафдорону мухолифонаш дар Интернет баҳси доғе барпо шуд.

Қаблан Саиди Тӯсӣ чунин иттиҳомро рад карда ва дурӯғ номида буд. Саиди Тӯсӣ гуфт, дар пайи бозтоби ин мавзӯъ дар матбуот ба ҳимояти худ бармехезад. Зоҳиран ӯ бахши форсии “Садои Амрико”-ро дар назар дошт, ки аз тарафи Иёлоти Муттаҳида ҳимояти молӣ шуда ва нахустин мусоҳибаи яке аз даъвогаронро пахш кардааст.

Тӯсӣ дар изҳороти худ, ки дар хабаргузории нимарасмии Исно нашр шуд, гуфт, ҳаргиз чунин гуноҳро муртакиб нашудааст ва ҳушдор дод, ки барои ҳифзи обрӯяш дар чаҳорчӯби қонун чора хоҳад дид.

Баъди пайдо шудани хабари даст доштани қории маъруф дар озору азияти ҷинсӣ миёни тарафдорону мухолифонаш дар Интернет баҳси доғе барпо шуд. Яке аз корбарони хабаргузории Исно аз хонандагон хостааст, ки ба ин дурӯғнома бовар накунанд. Аммо яке корбарони Твиттер бо писханд навиштааст, “баргузории консертҳо бо ҳадафҳои Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст, аммо таҷовузи шогирдоне, ки Қуръон меомӯзанд, бо талаботи тарбияи исломӣ мувофиқ аст.”

XS
SM
MD
LG