Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар рӯзҳои охир Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар бо Пётр Порошенко, президенти Украина суҳбати телефонӣ анҷом надодааст. Дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, эҳтимол бо Порошенко касе шӯхӣ кардааст. Сомонаи президенти Украина хабар дод, ки Порошенко ахиран бо Отамбоев суҳбати телефонӣ кардааст.
Дар хабар навишта шудааст, ки ду президент масъалаҳои ҳамкории Украинаву Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. Президентҳо барқарории гуфтугӯи сиёсӣ, инчунин, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро зикр кардаанд. "Порошенко ва Отамбоев роҳҳои ҳалли мушкилотеро, ки дар расондани маҳсулоти Қирғизистон ба Украина пайдо шудаанд, баррасӣ карданд", - омадааст дар хабар.