Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 28-уми октябр бо ҳамтоёни худ аз Сурия ва Эрон авзои амниятӣ дар Сурияро баррасӣ кард. Сергей Лавров, рӯзи 28-уми октябр гуфт, мулоқот бо Волид Муаллим ва Ҷавод Зариф талоше “одамони ҳамфикр” барои “пайдо кардани роҳи ҳалли созандаи” муноқиша дар Сурия аст.
Ӯ кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, ки " қарорҳои Шӯрои Амният таҳриф мекунанд” ва “ифротгароёнро ташвиқ мекунанд, ки амалҳои ҷинояткоронаашонро бас накунанд.” Волид Муаллим аз Лавров хостааст, сипоси Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро “барои кӯмаки босамари Русия дар мубориза бо терроризм” ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бирасонад.
Айни замон дар шаҳри муҳосирашудаи Ҳалаб, ошӯбгарони зиддиҳукуматӣ юришеро барои рахна кардани муҳосираи нерӯҳои давлатиро шурӯъ кардаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакии ошӯбгарон ба минтақаҳои таҳти назорати ҳукумат дар Ҳалаб 15 нафар кушта ва 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.