Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз 23 соли зиндон ба маҳбуси узбек ҳукми иловагӣ медиҳанд


Муҳлати ҷазои ахире, ки нисбати вакили пешини порлумони Узбакистон ва собиқ раҳбари корхонаи коркарди нафти Чиноз Самандар Куканов таъйин шуда буд, 6 октябр ба поён расидааст.

Вале тавре маълум шуд, ҳоло зидди Куканови 72-сола бо моддаи вайрон кардани низоми дохилии зиндон тафтишот шуруъ шудааст. Самандар Куканов яке аз маҳбусони сиёсии Узбакистон шумурда мешавад, ки дар таърихи истиқлолияти ин кишвар тулонитарин ҳукми зиндонро иҷро кардааст.

Ба гуфтаи писари Куканов, падари ӯ бояд 6 октябр озод мешуд. "Он рӯз барои гирифтани падарам ба маҳбаси шаҳри Зарафшон рафтам. Вале дар онҷо ба ман гуфтанд, ки падарат озод намешавад. Сардори муассиса гуфт, ки вай пайваста низоми дохилии зиндонро вайрон мекард ва ҳоло нисбаташ бар пояи моддаи 221 тафтишот шуруъ шудааст. Мехоҳем, муҳлати ҷазояшро дароз кунем", - изҳор дошт Сардор Куканов.

Сардор Куканов афзуд, ки ҳатто дар поёни суҳбат ба ӯ рақамҳои телефони маҳбасро додаанд, то дақиқ кунад, ки 17 октябр мурофиаи додгоҳии падараш баргузор шудааст ё не. Вале ба зангҳои ӯ ҷавоб надодаанд.

Ҳамфикрони Самандар Куканов тасдиқ мекунанд, ки ин вакили пешини порлумон ва соҳибкори ӯзбек ҳанӯз дар солҳои 80-ум миёни доираҳои сиёсиӣ маъруф буда, барои пайвастанаш ба сафи мухолифин бо дастури шахсии Ислом Каримов, президенти нахустини Узбакистон зиндонӣ шудааст

XS
SM
MD
LG