Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Тӯраҷонзода боздошти ӯро рад карданд


Ин акси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро рӯзи 1 октябр саҳифаи расмии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо нашр кард
Ин акси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро рӯзи 1 октябр саҳифаи расмии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо нашр кард

Афроди наздик ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода – собиқ муовини раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон – хабари боздошти ӯро рад карданд. Ҳабибулло Рабиев, яке аз нафарони наздик ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯзи 1 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ сиҳату саломат дар манзили зисташ дар маҳаллаи "Карим Исмоил"-и ноҳияи Ваҳдат қарор дорад ва хабари гӯё боздошт шуданашро аз Интернет фаҳмидаанд.

Сарусадо дар мавриди Тӯраҷонзода дар ҳолест, ки ин сиёсатмадори тоҷик чанд соли охир аз сиёсат худро канор кашида, эълон дошта буд, ки қасди бозгашти дубора ба ин майдонро надорад.

Ӯ гуфт, ки "Тӯраҷонзода тамоми рӯз ба корҳои худ машғул буданд ва ҳеч кас барои боздошту бозпурсии он кас наомадааст. Эшон ба зиндагии маъмулии худ идома медиҳанд", - афзуд Ҳабибулло Рабиев. Вай гуфт, маълум нест, ин хабар аз куҷо маншаъ мегирад, аммо метавонад сабаби нофаҳмиҳо шавад.

Саҳифаи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар Фейсбук низ расман хабари боздошти ӯро беасос ва дурӯғ номид. Масъулони ин саҳифа навиштанд, "ассалому алайкум, хонандагони гиромӣ! Хабари боздошт шудани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (ҳафизаҳуллоҳ) дурӯғ мебошад. Эшон (алҳамдулиллоҳ) дар хонаашон дар назди аҳлу оила қарор доранд." Онҳо дар вокуниш ба изҳори назари чанде аз корбарон гуфтаанд, ки "эшонро ба ҷое набурдаанд. Аз ҳадсу гумонҳои беасос худдорӣ кунед."

Пойгоҳи мухолифон: Садои манбаъро дорем

Рӯзи шанбе пойгоҳи хабарии наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа навишт, ки гӯё шаби гузашта чаҳор нафар Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро аз манзилаш ба ҷои номаълум бурдаанд ва аз ӯ дарак нест. Дертар ҳамин пойгоҳ гуфт, ин хабарро аз як манбааш дастрас кардааст ва дар сурати зарурат метавонад, ки садои ӯро нашр кунад.

Ин сарусадо дар мавриди Тӯраҷонзода дар ҳолест, ки ин сиёсатмадори тоҷик чанд соли охир аз сиёсат худро канор кашида, эълон дошта буд, ки қасди бозгашти дубора ба ин майдонро надорад. Бори охир дар авҷи интихоботи президентии соли 2013 ӯ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ҳимоят карда буд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаи 62-сола, аз намояндагони оилаи рӯҳонии машҳур Эшони Тӯраҷон, мадрасаи исломии Мири Араби шаҳри Бухоро ва Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошкандро хатм карда, дар солҳои 1980-1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) фаъолият кардааст.

Дар соли 1982 ӯ ба факултаи шариати Донишгоҳи давлатии Урдун дохил шуда, онро соли 1987 ба итмом расонд. Солҳои 1987-1988 ба тадриси илмҳои фиқҳ ва ҳадис дар Донишгоҳи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ машғул буд.

Тӯраҷонзода - аз идораи қозиёт то Маҷлиси Миллӣ

Тӯраҷонзода дар солҳои 1988-1993 масъулияти Идораи қозиёти мусулмонони Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Ҳамзамон бо ин, феврали соли 1990 ба ҳайси намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии Тоҷикистон ва баъдан узви Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз ибтидои соли 1993 то оғози соли 1998 дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, мақоми ноиби аввали роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро ба уҳда дошт ва дар тамоми тӯли музокироти сулҳи тоҷикон раҳбари ҳайати музокиракунандаи ИНОТ буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ба мақоми муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар солҳои 1998 то 2005 дар ин симат фаъолият доштааст.

Вай баъдан дар солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси Миллӣ буд ва бо хатми узвияташ дар палатаи болоии порлумони Тоҷикистон дигар дар ниҳодҳои расмӣ фаъолият накард. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода баъди рафтан аз мақомҳои давлатӣ то чанд соли қабл пайваста бо матбуот дар бораи корхонаи Талко, вазъи сиёсӣ ва динии кишвар суҳбатҳо дошт, аммо борҳо ба суоли эҳтимоли бозгашт ба сиёсати бузург посухи рад додааст.

XS
SM
MD
LG