Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Колин Поуел Трампро "манфур ва нажодпараст" хондааст


Коллин Поуел бо Меделин Олбрайт ва Ҳилларӣ Клинтон дар соли 2014
Коллин Поуел бо Меделин Олбрайт ва Ҳилларӣ Клинтон дар соли 2014

Колин Поуел, вазири собиқи корҳои хориҷии Амрико, Доналд Трамп - номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро "расвоии миллӣ", "манфур" ва "нажодпараст" номидааст. Дар номаҳои хусусии электронии Колин Поуел, ки рахнагарони интернетӣ дар вебсайти DCLeaks.com нашр карданд, ӯ ҳамчунин Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ ба мақоми раиси ҷумҳурро "ҳарис", "густох" номида ва гуфтааст, ки айни замон бо ӯ дӯст аст.

Вебсайтеро, ки номаҳои Колин Поуелро нашр кард, вобаста ба рахнагарони интернетии рус медонанд. Номаҳо, силсилаи номаҳои дуздидаест, ки зоҳиран ҳадафи он таъсиргузорӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии имсол дар Амрико мебошад. Колин Поуел, генерали бознишаста ва соҳибэҳтиром, гуфтааст, воқеан номаҳо аз они ӯст, ки худаш низ хостааст, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Дар як нома Колин Поуел гуфтааст, аз он сабаб дар бораи Доналд Трамп чизе намегӯяд, ки "намехоҳад бо аҳмақ номиданаш ба Трамп ҷасорат бидиҳад." Дар номаҳои электронии дигар, ӯ Трампро “нажодпараст”, “расвоии миллӣ ва манфури байналмилалӣ” номидааст. Вазири собиқи умури хориҷии Амрико навиштааст, "ҳамаи мо бояд раъй доданро ба Амрико, на ба ҳизбҳои худ шурӯъ кунем." "Трамп на фалсафаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва на фалсафаи муҳофизакоронро дорад. Мо ба инқилоб ниёз дорем ва бояд аз худи Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо шикастану сӯхтани шакли ҳозирааш шурӯъ шавад.”

XS
SM
MD
LG