Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъу шароити олимони ҷавон дар Тоҷикистон


Зиёдулло Дадобоев омӯзгори ҷавони риштаи физика аст. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба аспирантура дохил шуда, вале бо гузашти бештар аз 10 сол то ҳол ба ҳимояи рисолаи илмияш муваффақ нашудааст. Зиёдулло мегӯяд, ҳарчанд дар ин ҷода мавзӯву маълумоти хубу ҷадидро дарёфту таҳқиқ кардааст, аммо набуди шароити кофӣ ва ҳам мушкилоти молӣ монеаи аслӣ дар роҳи таҳияи рисолаи номзадӣ ва амалӣ намудани ин хоҳиши ӯ шудааст. Зиёдуллои унвонҷӯро набуди кору фикри дарёфти рӯзӣ водор кард, то муддате тарки таҳқиқу пажӯҳиш намуда, роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш бигирад.

Зиёдулло ҳоло ба ҳайси омӯзгор дар факултаи физика ва техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс мегӯяд. Вай акнун бо маблағи аз муҳоҷират ба даст овардааш корҳои илмиву тадқиқотии худро идома медиҳад.

Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ҷиҳати фаъолият дар соҳаи илм, набуди шароити хуби техникӣ ва беаҳамиятии омӯзгорону масъулини донишгоҳҳо боиси канораҷӯӣ ва камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба ихтироъкориву корҳои илмӣ гаштааст. Аксари мусоҳибони ҷавони мо мегӯянд, ҳамин монеаву маҳдудиятҳо дар самти дастёбӣ ба унвонҳои илмӣ ва пажӯҳиш онҳоро дилсард мекунад.

Нусратулло, муҳаққиқи ҷавони соҳаи физика мегӯяд, ҳама асбобу таҷҳизоти озмоишии донишгоҳҳо фарсуда шуда, иқтидорашонро аз даст додаанд, вале масъулини донишгоҳҳо барои таъмин бо таҷҳизоти муосири илмӣ талош ҳам накардаанд.

Масаид Шерматов, доктори илмҳои физика дар Донишгоҳи давлатиии Хуҷанд, мегӯяд, ҳарчанд бо кӯшиши шогирдонаш дар соли 2009 ҳам чанд корҳои хуби ихтироотиро анҷом додаанд, аммо, меафзояд ӯ, солҳои охир ба далели вазъи мавҷуда ва набуди ҳавасмандӣ шумори ҷавонон дар ин соҳа хеле кам шудааст. Аксари ҷавонони ихтироъкор бо тарки илм дар роҳи кору дарёфти рӯзӣ ба муҳоҷират сафар кардаанд.

Мусоҳибони муҳаққиқи мо умедворанд, ки дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ шояд тағйироте дар ин самт сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG