Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Хуҷанд то Амрико. Ду дипломи сурхи донишҷӯи 19-солаи тоҷик


Азизҷон Азимӣ, ҷавони 19-солаи тоҷик, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Амрикоро бо ду дипломи сурх хатм кард. Ӯ таҳсилашро дар риштаи иқтисод ва равобити байналмилалӣ ба поён расонд ва тасмим дорад, ки бо сипарӣ кардани як давраи кӯтоҳмуддати корӣ боз ба омӯзиш идома диҳад.

Дар ҳоле ки ҳамсабақони пешини Азизҷон Азимӣ дар Тоҷикистон акнун таҳсил дар мактаби миёна ё соли аввали донишгоҳро ба поён бурданд, ӯ дар Амрико ду дипломи сурхи донишгоҳи бонуфузи Ню-Йоркро дар риштаи иқтисоду муносибатҳои байнлмилалӣ ба даст овард. Ин дипломҳои сурх роҳи ӯро барои кор дар як ширкати боэътибор дар Иёлоти Муттаҳида ҳамвор кардаанд. Азизҷон қабл аз оғози кораш ба Хуҷанд ба дидори пайвандон омадааст.

Вай дар оғози суҳбаташ бо Радиои Озодӣ ба ин суол, ки оё баъд аз хатми донишгоҳ дар Амрико чӣ гуна тавонист дар ин кишвар ба осонӣ ба худ ҷои кор пайдо кунад, посух дод. Азизҷон Азимӣ гуфт, ​"баъди бо ду дипломи сурх хатм кардани донишгоҳи Ню-Йорк ширкати "Simon-Kucher

То ҳол аз волидонам миннатдорам, ки ҳаққи интихобро ба ман додаанд.
Азизҷон Азимӣ

​& Partners", яке аз пешрафтатарин ширкатҳо дар бахши консалтинг, маро ба кор даъват кард. Ин ширкат ба бонкҳои боэътибори ҷаҳонӣ хизмати консалтинг ё машваратдиҳӣ мерасонад ва бо услуби хоси худ чӣ тавр пеш бурдани корро маслиҳат медиҳад."

Озодӣ: Чӣ гуна ҳамзамон 2 диплом ба даст овардед, он ҳам ду дипломи сурхи Донишгоҳи Ню-Йорк, ки аз донишгоҳҳои соҳибноми ҷаҳон ба шумор меравад? Оё ҳамзамон дар ду ҷо таҳсил мекардед?

Азизҷон Азимӣ: "Нахуст ба Донишгоҳи Хофстра дохил шудам, ба факултаи аълохонҳо. Пас аз як соли таҳсили аъло, ба донишгоҳи Ню-Йорк гузаштам. Ҳамин тавр, баъди як соли дигари таҳсил ба гирифтани стипендия муваффақ шудам. Гирандагони ин стипендия бояд мавзӯъеро таҳқиқ кунанд ва рисолаи илмӣ нависанд. Ман дар ду риштае, ки таҳсил доштам, умури байнулмилалӣ ва иқтисод, рисолаҳои илмӣ таълиф намудам. Ҳардуи ин рисола ва имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супурдам ва баъди чор соли таҳсил, соҳиби ду дипломи сурх шудам."

Озодӣ: Таҳсил дар ду факулта душвор набуд?

Азизҷон Азимӣ: "Хеле душвор буд. Махсусан, дар соли чоруми таҳсил. Агар се-чор соат барои хоб вақт мемонд, хеле хурсанд мешудем. Чунки тарзи таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ аз услуби таҳқиқ дар кишварҳои пасошӯравӣ хеле фарқ дорад, вақт ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Дар Амрико рисолаи илмӣ доир ба мавзӯе бар пояи омор ва таҳлил таълиф мешавад, на танҳо бо такя ба маводи адабиёт ва назарияҳо, аз ин нигоҳ таҳлилҳои омориву математикӣ зиёд кор бурда мешавад."

ШИРКАТҲО КАДРҲОРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД

Озодӣ: Дар Амрико ҷои кор ёфтан мушкил набуд?

Азизҷон Азимӣ: "Дар Амрико як истилоҳ ҳаст, “рекрутмент”. Яъне, донишҷӯ тибқи як системаи муназзам аз соли дуюми таҳсил то чорум барои кори оянда омодагӣ мегирад. Ман дар соли дуюми таҳсил дар ду факулта дар як созмони ҷамъиятиии Созмони Милали Муттаҳид дар назди донишгоҳамон ба ҳайси раҳбари як бахш ва баъди ду соли фаъолият раҳбари он интихоб шудам. Дар давраи фаъолият бо чандин вазир ва сафирони кишварҳои ҷаҳон маҳфили мубодилаи афкор баргузор кардем. Бо ду дипломи сурх хатм кардани донишгоҳи Ню-Йорк ва раҳбари ҳамин созмон буданам вақти довталабии кор дар ширкати “Simon-Kucher & Partners” ба ман имтиёз дод ва, хушбахтона, ба кор пазируфта шудам."

АЗИЗҶОН ЧИГУНА ДАР 15-СОЛАГӢ ДОНИШҶӮ ШУД?

Озодӣ: Азизҷон, хуб, баргардем ба ақибтар. Шумо дар 19-солагӣ соҳиби ду дипломи сурхи донишгоҳи бонуфузи Амрико ҳастед. Чӣ тавр дар 15-солагӣ донишҷӯ шудед?

Азизҷон Азимӣ: "Дар Тоҷикистон дар мактаби русӣ таҳсилро сар карда будам. Бархе муаллимон бо падару модарам машварат карданд, ки метавонам ба тариқи “экстерн” мактабро барвақт хатм кунам. Он вақт 7-сола будам, аммо бо санҷиш ва ризоияти Вазорати маориф ва илм дар синфи 4 таҳсил мекардам ва ба тариқи ҷаҳиш 2 синфро паси сар гузошта будам. То ҳол аз волидонам миннатдорам, ки ҳаққи интихобро ба ман дода буданд. Ҳамин тавр, синфҳои 5 ва 6-ро низ дар як сол паси сар кардам ва барои идомаи таҳсил ба мактаби тоҷикиву туркӣ дар Хуҷанд гузаштам. Он ҷо се сол таҳсил кардам ва як иттифоқи хуш маро барои идомаи таҳсил ба Амрико бурд ва мактаби миёнаро дар сини 15-солагӣ дар он кишвар хатм кардам."

АЗ ХУҶАНД ТО АМРИКО

Озодӣ: Ин чӣ гуна сурат гирифт ?

Азизҷон Азимӣ: "Вақти дaр синфи 9 таҳсил карданам дар Хуҷанд дар олимпидаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ҷои дувумро гирифтам. Баъд мaро ҳамроҳи ду талаба аз литсейи точикиву туркии шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҳюстен ба олимпиадаи ҷаҳонӣ, “I-SWEEEP 2008”, фиристоданд. Мо дар он ҷо ба гирифтани ҷои аввал ноил шудем ва ба Тоҷикистон бо медали тилло баргаштем. Дар пайи он ба ман барои идомаи таҳсил аз чанд мактаби хусусии шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳида даъватнома омад. Ман ҳамроҳи волидайн як мактаби хусусии Ню-Йоркро интихоб кардем, ки дар oн фарзандони дипломатҳо аз кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Миёна таҳсил мекарданд. Таҳсил пулакӣ буд ва пули онро падару модарам пардохт мекарданд. Дар пайи таҳсил, ман президенти хукумати ин мактаб низ интихоб шуда будам. Ҳамин тавр, 4 синф: 9 - 12 -ро дар ИМА хатм кардам ва дар 15-солагӣ соҳиби мукофоти давлатии Амрико аз номи Президент Барак Обама гардидам."

"МАН ФАРЗАНДИ ТОҶИК ҲАСТАМ"

Озодӣ: Дар муқосиа бо Тоҷикистон, дар Амрико аз чӣ зиёд писандатон меояд?

Азизҷон Азимӣ: "Вақте як ҷавон аз кишвари дигар ба Амрико меравад, сипарӣ кардани як, ду соли аввал барояш мушкил аст. Барои он ки фарҳанги Амрико дигар аст. Ба назарам, ягон давлати дунё мисли Амрико нест. Ба гуфтаи худи мардуми Амрико, он кишвар як давлати иммигрантҳо ё муҳоҷирон аст ва онҳо худро "миллати имммигрантҳо" ҳам меноманд. Дар он ҷо ягон маданият даъвии маданияти аслии давлатӣ будан надорад. Худи гузаштагони сафедпӯстҳои Амрико ҳам аз Аврупо ҳиҷрат карда буданд, яъне онҳо ҳам иммигрант буданд. Барои ҳамин, барои як одами наврафта як-ду сол даркор аст, то ба он фарҳанг ворид гардад. Мо, тоҷикон миллате ҳастем, ки таърихи хеле бузург дорем ва ин гуна миллатҳои дорои таърих ва фарҳанги хеле ғанӣ дар дунё зиёд нестанд. Аз ин рӯ, ман аз он, ки тоҷик ҳастам, ифтихор дорам ва ҳама ҷо бо ифтихор мегӯям, ки ман фарзанди як миллат, як оилаи бузурги тоҷик ҳастам."

Озодӣ: Азизҷон, ният доред, ки баъди таҳсилу кор ва таҷрибаандӯзӣ дар Амрико ба Тоҷикистон баргардед ва донишу кордонии худро барои пешрафти ватан кор баред?

Азизҷон Азимӣ: "Албaтта. Чунон ки гуфтам, ҳозир ба таҳсил ва гирифтани дипломҳои магистриву докторӣ бартарӣ медиҳам. Вале дар оянда, ки имкон фароҳам шуд, мехоҳам ба ватан баргардам ва саҳми худро барои шукуфоии кишвар, беҳбуди сохтории он гузорам."

XS
SM
MD
LG