Ҳамакнун ҷавонони тоҷик ҳавас ва орзуи таҳсил дар кишварҳои ҷануб-шарқи Осиё, ки бинобар рушди ҷашмгирашон дар даҳсолаи охир аз эшон чун «Шерҳои Осиё» ном мебаранд низ дар сар мепарваранд. Аз ҷумла тайи панҷ соли охир шумори донишҷӯёни тоҷик дар кишвари Малайзия бештар шудааст. Бинобар оморҳои ахир, шумори донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин кишвар таҳсил мекунанд то ба 500 нафар расидааст.
Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия "TM-INTERNATIONAL" рӯзи 26-уми апрел дар намоишгоҳи байналмиллалии таҳсил дар хориҷи кишвар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, чун донишгоҳҳои ин кишвар сифати баланди таълимро ба нархи нисбатан арзон пешкаш мекунанд, бисёре аз донишҷӯёни тоҷик барои идомаи таҳсил мактабҳои олии онро интихоб мекунанд. Ҷаноби Абдуллоев афзуд, ки донишгоҳҳои Малайзия ҳамчунин ба донишҷӯёни илмҳои дақиқ имтиёзҳои фаровон, аз ҷумла идрорпулӣ низ тахсис медиҳанд:
«Ҳукумати Малайзия ба рушди илмҳои дақиқ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Чунки мо дар асри 21, ки қарни технология зиндагӣ дорем. Бинобар ин, ҳукумати Малайзия танҳо ба донишҷӯёни илмҳои дақиқ идрорпулӣ медиҳад. Вале афроде, ки дар равияҳои гуманитарӣ ва илмҳои илоҳиёту дин таҳсил мекунанд имкони гирифтани идрорпулиро надоранд.»
Зимнан, ҷаноби Абдуллоев афзуд, аксарияти ҷавонони тоҷик бештар майли таҳсил дар риштаҳои гуманитариро доранд, ҳарчанд кишвар дар ҳоли ҳозир бештар ба муҳандису бинокор ва технологҳо ниёз дорад. Бинобар ин, ба таъкиди Абдуллоев, ширкати зери роҳбарии ӯ мекӯшад маҳз бо он донишгоҳҳое ҳамкорӣ кунад, ки мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқро омода мекунанд. Ба гуфтаи Абдуллоев, 90 дарсади донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар Малайзия таҳсил доранд, дар риштаҳои муҳандисӣ, сохтмон, меъморӣ ва тиб касби ихтисос мекунанд.
Ҳарчанд таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа нек арзёбӣ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, солҳои ахир ин раванд торафт хислати якҷониба касб карда ба падидаи «фирори мағзҳо» бадал шудааст. Чун аксарияти донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, пас аз хатми донишгоҳ хоҳиши дубора бар гаштан ба Тоҷикистонро надоранд ва талош мекунанд дар ҳамон ҷо барои худ кор пайдо кунанд.
Зафар Эшонов донишҷӯи Донишгоҳи технологии Малайзия, ки дар риштаи муҳандиси барқ таҳсил мекунад, дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳар сол тобистон ҳангоми таътил ба Тоҷикистон меояд. Зафар мегӯяд, чун соли гузашта вай бо шароиту кори муҳандисони ширкати «Барқи тоҷик» ошно шуду фаҳмид, ки коргарони он ҳамон маоши ночизашонро ҳам давоми се моҳ нагирифтаанд, дигар хоҳиши баргаштан ба Ватан надорад. Вай афзуд: «Баргаштан ба ин ҷо барои манн ягон суде надорад. Барои он, ки дар ин ҷо бо донишу маҳорати худ кореро бо маоши хуб дарёфт кардан мушкил аст. Албатта тағову ба истилоҳ «криша» зарур аст. Ман ҳисоб кардам он маоши конуние, ки давлат медиҳад, барои зиндагӣ кифоят намекунад. Аз ин рӯ мутахассисон маҷбуранд ба ришват даст зананд. Аммо ман мехоҳам бо роҳи ҳалол пул ёбаму карераи худро созам.»
Зафар афзуд, дар давоми таҷрибаомӯзӣ вай дар чанд ширкати энержии Малайзия маҳорати худро нишон дода буд ва ҳоло аз ин ширкатҳо пешниҳоди кор гирифтааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, вай чорае ҷуз пазируфтани пешниҳоди ин ширкатҳоро надорад. Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносон мегӯянд, муҳимтарин омиле, ки ҷавнони тоҷикро аз Ватан дилсард кардаааст набуди ҷои кори мувофиқ ва маоши ночиз аст.
Фарҳод Саидов, роҳбари Оҷонсии мустақили дарёфти коргарон мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳоло каму беш ҷойҳои кори холӣ пайдо мешаванд, аммо маоше, ки кордеҳон пешниҳод мекунанд, мутахасисони ҷавонро қонеъ карда наметавонад: «Музди меҳнате, ки корхонаҳо пешниҳод мекунанд, дар аксар маврид талаботи мутахассисонро қоеъ карда наметавонад. Онҳо, ки дар хориҷ бо маошҳои нисбатан калонро диданд, дигар ҳозир нестанд бо ин маош кор кунанд.»
Тибқи иттилои расмии ахир, дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои дигар бештар аз 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки 60 дарсади онҳо дар донишгоҳҳои Русия будаанд. Аммо ба гуфтаи масъулини вазорати маориф, аз шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар, нисфашон дар он кишварҳо боқӣ мемонанд ва нияти бозгашт ба Тоҷикистонро надоранд.
Ахиран Вазорати маориф ва илми кишвар санадҳои се нафар донишҷӯёни тоҷикеро, ки бо идрорпулии давлатии «Дурахшандагон» дар хориҷ таҳсил мекарданд ва аз бозгашт ба ватан сарпечӣ мекунанд ба додгоҳ супурд то, ки онҳо пули харҷкардаи давлатро як маротиба бештар аз он, бозпас баргардонанд.