Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: “Амрико бояд интихоб кунад – ё Туркия ё Гулен”


Раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва дигар мансабдорони воломақоми Туркия ба ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба вокунишашон ба кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ ҳушдори ҷиддӣ доданд.

Эрдуғон дар ҷамъи ҳазорон нафар, ки зери парчамҳои Туркия шоми 10 август дар канори қасри раисиҷумҳур дар Анкара ҷамъ омада буданд, бори дигар аз ИМА даъват намуд то рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро ба Туркия истирдод кунад. Анкара Гуленро дар ташкили кудаатои низомии шоми 15 июл айбдор мехонад. Аммо Гулен борҳо эълом дошт, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст надорад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷамъи ҷонибдоронаш гуфт, “Амрико дер ё зуд бояд интихоб кунад – ё Туркия ё Гулен”

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Довудоғлу, бино ба иттилои хабаргузории давлатии Анадолу, изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо бо интиқоди сиёсатмадорони Туркия ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додааст. Манзур - интиқод барои эҳтимоли эҳёи ҳукми эъдом дар Трукия пас аз кӯшиши табаддулоти давлатист.

Изҳороти мақомоти Туркия як рӯз баъд аз сафари Эрдуғон ба Русия ва талошҳояш барои эҳёи дӯстӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин пахш шуданд.

Ба гуфтаи нозирон, Эрдуғон бо талошҳои водор сохтани Русия барои лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Анкар ба Ғарб паём медиҳад, ки интиқоди сиёсати Туркия аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо боиси коҳиши бештари робитаҳо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG