Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Рио


Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд, варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон - ширкат доранд.

Ба ҳайати мунтахаби олимпии ҚАЗОҚИСТОН 104 варзишгар (55 мард ва 49 зан) дохиланд. Онҳо аз рӯи беш аз 20 намуд рақобат мекунанд. Варзишгарони Қазоқистон дар се рӯзи мусобиқот ду медал – як нуқра ва ду биринҷӣ – ба даст овардаанд.

Умуман, бо назардошти ин ду медали Рио мунтахаби Қазоқистон дар Бозиҳои олимпӣ сар аз соли 1996 ҳамагӣ 54 медал гирифтааст, ки 16-тоаш тилло, 18-тоаш нуқра ва 20-тоаш биринҷӣ мебошад. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 варзишгарони қазоқ соҳиби 13 медал (7 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) гардида буданд.

Мунтахаби Қазоқистон дар нахустин ширкати худ дар Бозиҳои олимпӣ дар соли 1996 дар Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се медали тилло гирифтааст. Аввалин медали тиллоро Юрий Мелниченко дар гуштии юнониву румӣ дар вазни то 57 кило ба даст овардааст. Инчунин, Алексей Паригин оид ба бисёрҳарбаи муосир ва Василий Жиров оид ба бокс барандагони медалҳои тилло шудаанд.

Дар миёни занони Қазоқистон Олга Шишигина нахустин шуда дар Олимпиадаи соли 2000-ум дар Сиднейи Австралия дар давидан ба масофаи 100 метр бо монеа соҳиби медали тилло гаштааст.

Ҳайати мунтахаби Қазоқистон
Ҳайати мунтахаби Қазоқистон

Ҳайати тими мунтахаби олимпии ҚИРҒИЗИСТОН дар Олимпиади Рио аз 19 варзишгар (12 мард ва 7 зан иборат аст. Онҳо дар мусобиқот оид ба бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, дзюдо, шиноварӣ, гуштии озод ва юнониву румӣ иштирок мекунанд.

Варзишгарони қирғиз дар ин Олимпиада ҳанӯз медал ба даст наовардаанд. Умуман, мунтахаби олимпии Қирғизистон дар Бозиҳои олимпӣ аз соли 1996 то ҳоло се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) дорад. Аввалин медали олимпиро Ойдин Смақулов соли 2000-ум дар Олимпиадаи Сиднейи Австралия дар риштаи дзюдо дар вазни то 60 кило ба даст овардааст.

Барои варзишгарони қирғиз Олимпиадаи Пекин-2008 бобарор буд. Қанатбек Бегалиев дар гуштии юнониву румӣ дар вазни то 66 кг медали нуқра ва Руслан Тименбоев дар намуди дзюдо як медали биринҷӣ гирифтаанд.

Варзишгарони қирғиз дар Рио
Варзишгарони қирғиз дар Рио

Мунтахаби олимпии ТОҶИКИСТОН дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар дар чор намуд – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ иштирок мекунад. То ҳоло варзишгарони тоҷик дар ин Бозиҳо медал ба даст наовардаанд. Анвар Юнусов, ки дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба мусобиқот шуруъ намуд, дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кило бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Рақиби Анвар дар даври дувум, ки рӯзи 9-уми август соати 12:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:15 ба вақти Душанбе) доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мебошад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, тими мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ се медал ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008-ум дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ба даст овард, ки ин аввалин медали мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2012-ум дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ба ин тартиб, шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Намонядагони Туркманистон
Намонядагони Туркманистон

Мунтахаби олимпии ТУРКМАНИСТОН дар Олимпиадаи Рио ҳамагӣ 9 варзишгарро дар бар мегирад, ки чаҳор мард ва панҷ зан мебошанд. Варзишгарони туркман дар мусобиқот оид ба бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ иштирок мекунанд.

Вале варзишгарони туркман дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои олимпӣ (аз соли 1996 то инҷониб) медал ба даст наовардаанд.

Дастаи мунтахаби олимпии УЗБАКИСТОН дар ҳайати худ дар Олимпиадаи Рио 70 варзишгар (47 мард ва 23 зан) дорад. Онҳо дар 15 риштаи варзиш ширкат мекунанд. Дар се рӯзи мусобиқот варзишгарони узбак ду медали биринҷӣ оид ба дзюдо ба даст овардаанд.

Умуман, мунтахаби олимпии Узбакистон дар муддати 20 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ то ҳоло ҳамагӣ 22 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Олимпиадаи пешин дар Лондон-2012 варзишгарони Узбакистон соҳиби як медали тилло ва 2 медали биринҷӣ гардида буданд.

Артур Таймазов дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг се медали тилло (2004, 2008 ва 2012) ва як медали нуқра (2000) ба даст овардааст. Номи ӯ дар таърихи варзиши Узбакистон бо хатти заррин сабт шудааст. Ду медали дигари тиллоро ба Узбакистон Александр Докторушвили дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 74 кг (Афина, 2004) ва Муҳаммадқодир Абдуллоев дар риштаи бокс дар вазни то 63,5 кг (Сидней, 2000) соҳиб шудаанд.

Мунтахаби Узбакистон
Мунтахаби Узбакистон

Бояд гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон ҳамчунин зодаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаеви 23-сола дохил аст. Ӯ дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар намуди гурзандозӣ дар мусобиқоти интихобӣ гурзро ба масофаи 65 метру 88 сантиметр ҳаво дод ва аз ҳаққи ширкат дар доври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Натиҷаи беҳтарини ӯ дар гурзандозӣ 78 метру 42 сантиметр мебошад. Сӯҳроб ҳоло дар ҳайати мунтахаби Узбакистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 ба сар мебарад ва ба мусобиқоти гурзандозӣ, ки рӯзи 17 август шуруъ мешавад, омодагӣ мебинад. Дар ин мусобиқот яке аз рақибони ӯ гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров мебошад.

Дарвоқеъ, Сӯҳроб соли 2009-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон барандаи медали нуқра гардидааст. Сӯҳроб Хоҷаев ҳафт соли ахир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад. Ӯ муҷаррад аст. Падару модар ва наздикону хешовандонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

XS
SM
MD
LG