Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан худро бо кӯдакаш ба Кофарниҳон андохт


Як зани ҷавон дар ноҳияи Ваҳдат худ ва кӯдаки шашмоҳаашро аз болои пули "Хайр" ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ба ҳалокат расиданд.

Субҳи рӯзи 2-юми апрел як зани ҷавон худ ва кӯдаки шашмоҳаашро ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса соати 7:50 дақиқаи субҳи рӯзи шанбе рух додааст ва Мафтуна Раҳмонова худ ва фарзандашро аз болои пули "Хайр" дар шаҳри Ваҳдат, ба дарё андохтааст.

Мафтуна Раҳмоноваи 21-сола сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод буда, қабл аз ҳодиса дар хонаи падараш дар шаҳри Ваҳдат қарор доштааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади ӯ соати 10:30 аз деҳаи Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шудаааст. Вале ҳанӯз аз ҷасади кӯдаки шашмоҳааш дараке нест.

Масъулони пулиси Ваҳдат мегӯянд, ки дар ҳамкорӣ бо додситонӣ, ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд. Сабабҳои даст ба чунин амал задани Мафтуна Раҳмонова, мушкилоти хонаводагӣ гуфта мешавад.

Сокинони шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳодиса дар назди чашми мардум рух додааст ва ҷавоне дарҳол худро ба об андохта ва талош кардааст, ки кӯдакро наҷот диҳад, аммо бинобар боронгарии шаби гузашта, ҷараёни об тез будааст ва кӯдак аз дасташ халос хӯрдааст.

Барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон як модар худ ва фарзандашро ба дарё меандозад. Дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш аз даст рафтанд.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июл сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина, яке аз ин ду модар, ки бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, дар додгоҳ гуфт, “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар ”

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд.

XS
SM
MD
LG