Дар Алмаатои Қазоқистон маросими рӯнамоӣ аз мошини нави навъи Ravon-и истеҳсоли Ӯзбекистон баргузор шуд. Ин мошин Uz-Daewoo-ро иваз мекунад. Ҳамзамон, ба бозори мошини Қазоқистон Nexia R3 ҷадид, ки шакли навшудаи Chevrolet Aveo ба ҳисоб меравад, ворид гардид.
Сарфи назар аз ин ки маросими рӯнамоӣ баргузор шуд, аммо арзиши "Нексиа"-и нав ҳоло эълон нашуда ва содироти мошин ҳам дар рӯзҳои наздик шуруъ мешавад.
Ба ҷуз аз "Нексиа"-и ҷадид "Равон" боз ду мошини дигар дорад - седан Gentra ва хэтчбек R2 (Chevrolet Spark). Дар гузашта Spark ба бозори Қазоқистон аз корхонаҳои Ӯзбекистон содир шуда буд, аммо соли гузашта аз фурӯш барчида шуд.
Шабакаи Uz-Daewoo табдили ном мекунад. Дар Алмаато аллакай ду намоишхонаи мошинҳо табдили рангу бор кардаанд. Дар мағозаҳои фурӯши мошинҳо бошад, дигар тамғаи мошинҳои Daewoo (Nexia-и қадимӣ, Gentra ва Matiz) пайдо кардан имкон надорад. Ҳамаи ин мошинҳо аз фурӯш гирифта шудаанд.