Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз Кумисюни одоб дар ҳамаи масҷидҳои кишвар хост, ки дар остонаи таҷлил аз иди имсолаи Рамазон навбатдории шабона ташкил кунанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, рӯзи 29 июн дар ҷаласае бо ҳузури рӯҳониён дар Душанбе гуфт, ин тасмим ба хотири амнияти сокинон ва бо таваҷҷуҳ ба паёмади ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла фурудгоҳи Отатурки Истанбул гирифта шудааст.
"Дида истодаем. Дирӯз ҳам як таркиш буд дар фурудгоҳи Истанбул. Чанд нафар кушта шуданд. Яъне, Кумисюни одоб, ки дар масҷидҳо ташкил шудааст, бояд дар ин шабу рӯз фаъолона кор кунад. Худованд ҳифз кунад, аммо бояд эҳтиёт бошем," – таъкид кард муфтии Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, онҳое, ки дар шаби Иди Рамазон дар масҷидҳо навбатдор меистанд, бояд хоб нараванд ва ҳамагуна ҳаракатаҳои, ба қавли ӯ, шубҳаоварро назорат карда, ба мақомот хабар диҳанд. Ӯ афзуд, "дар арафаи ид, шаби ид ва субҳи ид навбатдориро сахттар кунед. Мутахассисонро оред, то кори дурбинҳои назоратиро ҳам санҷиш кунанд."
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, аз фаҳмидани хабари ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул андӯҳгин шудаанд ва ҳамагуна ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунанд.
Шӯрои уламо дар ҷаласаи 29 июнаш санаи таҷлил аз Иди Рамазонро рӯзи 6 июл муқаррар кард. Ба қавли мақомоти ин Шӯро, намози ид дар ҳамаи масиҷдҳои ҷомеъ ва ҷомеи марказӣ соати шашуними саҳар оғоз хоҳад ёфт. Бар асоси тақвиме, ки қаблан Шӯрои уламо нашр ва паҳн карда буд, рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон 5 июл нишон дода шудааст.
Шӯрои уламо гуфт, баъди намози Иди Фитр зиёрати оромгоҳҳо, аёдати пирону барҷомондагон ва хайру эҳсон аз бахши муҳими ин ид аст. Вале таъкид шуд, ки сокинону рӯҳониён аз худнамоию исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо дар густурдани адстархони идона худдорӣ кунанд.
Сокинони мусулмони Тоҷикистон рӯзи 6 июн рӯзадориро оғоз карда буданд ва бино ба ҳисоби Шӯрои уламо давраи рӯзадории онҳо имсол 30 рӯз идома хоҳад кард. Дар гузашта Тоҷикистон як рӯз дертар аз кишварҳои мусулмонӣ ва исломии дунё рӯзи идро таҷлил мекард ва ин норозигиҳоро ба дунбол дошт.
Имсол мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ таъин гардидааст.