Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси фирорӣ кушта шуд


Рамзуллохон Додохонов
Рамзуллохон Додохонов

Мақомот мегӯянд, маҳбуси фирорӣ Рамзуллохон Додохоновро рӯзи 19 июн дар ҳудуди ҷамоати Ёва дар канори Хуҷанд кушта шудааст. Додохонов шоми ҷумъа аз маҳбаси рақами сеи Хуҷанд фирор карда буд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 19 июн хабар дод, ки Рамзуллохон Додохонов – маҳбусе, ки шоми ҷумъа аз зиндони Хуҷанд фирор карда буд, рӯзи якшанбе “безарар гардонда шуд.”

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат, “19.06.с.2016, соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд."

Генерал Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд рӯзи 19 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Рамзуллохон Додохонов дар ҳудуди ҷамоати Ёва дар канори Хуҷанд пинҳон шуда буд. Вақте пинҳонгоҳаш ошкор шуд, Додохонов ба амри таслим шудан сар нафароварда, алайҳи мақомоти интизомиву амниятие, ки ӯро муҳосира карданд, оташ кушодааст. «Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ, Додохонов кушта шуд,» - гуфт генерал Назарзода.

Маҳбуси фирорӣ кушта шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
Линки мустақим

Қаблан дастикам ду манбаъи дигар дар мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Рамзуллохон Додохонов – маҳбусе, ки шоми ҷумъа аз зиндони Хуҷанд фирор карда буд, рӯзи якшанбе кушта шудааст.

Маҳбусон Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов шоми 17 июн, тақрибан соати 20-45 аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд талоши фирор карданд. Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбасро бо корд захмӣ мекунанд. Алимамадов дар роҳ ба бемористон ҷон дод.

Дар задухӯрд бо зиндонбонҳо Мирзозариф Қаюмов кушта шуд. Ҳабибҷон Юсуфов ҳини фирор захмӣ шуд ва ӯро ҳам билофосила дастгир карданд. Аммо Рамзуллохон Дадохонов тавонист ҳатто бо вуҷуди “зарари ҷисмонӣ бардоштан“ аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бино ба маълумоти вазорати корҳои дохила, “барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта” ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар пайи фирори Додохонов аз маҳбас дар ҳудуди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ҳатто дар вилояти Хатлон тадбирҳои шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуд. Ҳамин тавр, дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо вилояти Суғд ҳаммарз аст, низ ҷиҳати таъқиби ин маҳбуси фирорӣ амалиёти вижае ба роҳ андохта шуд, чунки бовар мерафт, ки Додохонов метавонад ё ба самти марзи Афғонистон ваё ба самти вилояти Бодканд фирор кунад.

Фирори ин се маҳбус аз зиндони рақами сеи Хуҷанд нахустин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Дар моҳи августи соли 2010 25 маҳбус, ки аксар ба даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат айбдор мешуданд, аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд. Амалиёти таъқиби ин маҳбусони фирорӣ, ки дар байни онҳо аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, чанд моҳ тӯл кашид. Ин қазия дар ниҳоят сабаби барканории раиси Кумитаи амният Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинонаш шуд.

XS
SM
MD
LG