Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Кӯлоб 70 устоди "тасодуфӣ" ва "камсавод"-ро ихроҷ мекунад


Бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, то оғози соли нави таҳсил дастикам 70 устоди "тасодуфӣ" ва"камсавод"-ро аз донишгоҳ ихроҷ хоҳад кард. Ин тасмим дар пайи фаъолияти комиссияи босалоҳияти донишгоҳ, ки панҷ моҳи пеш созмон ёфта буд ва сатҳи дониши 300 устодро санҷидааст, рӯи даст гирифта шудааст.

Сафар Холиқов, муовини раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар умури таълим дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки “аллакай ду моҳи пеш ҳудуди 50 устод ҳушдор дода шуданд, ки барои надоштани "дониши кофӣ", ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод”.

Cафар Холиқов
Cафар Холиқов

Ҷаноби Холиқов афзуд, ҳоло ҷавонони босаводу боистеъдод бештар шудаанд ва донишгоҳ ба устодони ҳирфаӣ арҷ мегузорад: "Мо як комиссия ташкил карда будем, аз ин рӯ ҳоло мо тасмим гирифтем, ки қариб 40-50 нафарро ҳоло ҷавоб диҳем. Мо ба онҳо ду моҳи пеш расонидем, ки аз ҳоло ҷои кори худро пайдо кунанд. Дар баробари ин, ба кафедраҳо супориш додем, ки ба ин омӯзгорон соатҳои дарсӣ ҷудо накунанд. Инҳо солҳои 2000-2001 вориди донишгоҳ шудаанд, ки он солҳо омӯзгор намерасид. Ҳоло ҷавонони босавод рӯи кор омаданд, бояд мо онҳоро ба кор ҷалб кунем."

Ихроҷи устодони “тасодуфӣ" ва "камсавод" дар ҳоле сурат мегирад, ки соле қабл Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тариқи пурсиши пинҳонӣ ё махфӣ миёни донишҷӯён, сафҳои худро аз устодони "тасодуфӣ", "камсавод" ва "ришвахор" пок карда буд. Ба ин тартиб, ин барои бори дувум аст, ки ин донишгоҳ аз устодони ғайриҳирфаӣ "пок" мешавад.

Додарбек Сайдалиев, устоди Донишгоҳи Кӯлоб ва раиси комиссияи босалоҳият чоршанбеи 8 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо миёни 300 устод имтиҳон гирифта ва хатту саводи онҳоро санҷиданд.

Оқои Сайдалиев мегӯяд, “воқеан, вақте мо дар аввали соли ҷорӣ байни устодони донишгоҳ санҷиш газаронидем, маълумамон гашт, ки наздики 80 дарсади устодони то синни нафақа ва унвони илмӣ надошта аз диктанти савод, баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Ин дар ҳоле, ки матни диктант барои синфи 7-уми мактаби миёна буд. Ҳатто вақти

Додарбек Сайдалиев.
Додарбек Сайдалиев.

сӯҳбати инфиродӣ бо онҳо маълум гашт, ки як қисми калони ин устодон фаннеро, ки тадрис мекунанд, низ хуб намедонанд. Вале ҳайронем, ки муаллимони умуман савод надошта монда, ба рӯйхати сиёҳ онҳое, ворид шудаанд, ки гарчанде унвони илмӣ надошта бошанд ҳам, саводашон хуб аст",

Зимнан, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо беш аз 7 ҳазор донишҷӯ бузургтарин мактаби олӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад.

Ҳарчанд, овозаҳо дар мавриди ришва гирифтани устодони донишгоҳ зиёд буданд, аммо тайи ду соли ахир ҳеҷ омӯзгори он бо гумони ришвагирӣ боздошт ё муҷозот нашудааст. Маъмурияти донишгоҳ низ мегӯянд, ба хотири решакан кардани фасод ва раҳоӣ аз устодони тасодуфӣ, комиссияи босалоҳиятро ташкил кардаанд.

Аммо Зафархон Содиқов, устоди 36-солаи факултаи иқтисод ва идора дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ як моҳ қабл аз сӯи мудири кафедраи факулта огоҳ карда шудаанд, ки соли оянда, ба ӯ соатҳои дарсӣ ҷудо карда намешавад. Ҷаноби Содиқов афзуд, ки ҳоло аз кафедраи онҳо худ як ҳамкори дигараш огоҳ карда шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки дар 14 соли фаъолияти кориаш 9 китоби таълимӣ навишта, дар рафти санҷиши хату савод ҳамагӣ се хатогӣ дошт.

"Аз соли 2002 ман корро оғоз кардам, баъди гузашти санҷиши хатту савод маро дар се хатогӣ баҳои бад доданд. Ҳарчанд ман унвони илмӣ надорам, аммо 9 китоби таълимӣ навиштам, ки ҳоло дар дасти донишҷӯён аст, аммо аз соли нави таҳсил дигар барои мо ҷои кор нест" ,--гуфт Зафархон Содиқов.

Ҳоло дар 10 факултаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб беш аз 500 устод дарс медиҳад ва ин барои бори аввал аст, ки дар як донишгоҳи бузург ҳудуди 70 омӯзгор бинобар "камсаводӣ", аз ҷои кор маҳрум мешавад.

XS
SM
MD
LG