Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми шаш пайрави Ҳоҷӣ Ҳалимро эълон мекунанд


Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон базудӣ ҳукми шаш пайрави Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои кишварро эълон хоҳад кард. Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон 6 июн ба Озодӣ гуфт, ки эҳтимол ин ҳукм баъд аз даҳ рӯзи дигар содир шавад.

Ба қавли манбаъ, баҳси парвандаи ин афрод охирҳои ҳафтаи гузашта дар додгоҳ ба анҷом расида, намояндаи Додситонии кулл низ барояшон аз 6 соли зиндон то ҳабси абад талаб кардааст. Ӯ гуфт, ки афроди Ҳоҷӣ Ҳалим асосан барои даст доштан дар талоши табадуллоти моҳи сентябри соли гузашта айбдор мешаванд. Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода 17 тан аз нирӯҳои интизомӣ ва 25 тан аз аъзои он гурӯҳ кушта шуданд.

Ҷузъиёти аз ин бештари қазияи шаш "одами" Ҳоҷӣ Ҳалим барои мо дастрас нест. Аммо наздикони бархе аз ин афрод гуфтанд, ки намояндаи Додситонии кулл нисбат ба Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаев ҳукми зиндони якумрӣ ва нисбат ба Амрулло Нуров 15 соли зиндон хостааст. Онҳо низ натавонистанд номи се тани дигарро дар ихтиёри мо бигузоранд.

Ҳукми афроди Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҳоле содир хоҳад шуд, ки қаблан Додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро барои 22 сол равонаи зиндон кард. Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи Абдуҳалим Назарзода ба "даъвати оммавӣ ба хотири тағйири сохти конститутсионӣ", "даъват барои бетартибиҳои оммавӣ" ва талоши "барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш" гунаҳкор эълон шуд.

Ҳукми Бахтиёр Назаров - писари Ҳоҷӣ Ҳалим қариб ду моҳи пеш содир шуд ва азбаски муҳокимаи парвандаҳои марбут ба табаддулот пушти дарҳои баста сурат мегиранд, хабарнигорон ва ҷомеа дертар огоҳ мешаванд.

Худи Абдуҳалим Назарзода рӯзи 16 сентябри соли 2015 бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш дар дараи Ромит кушта шуд ва асрори табадуллоти номуваффақи моҳи сентябрро, ки мақомоти кори дасти ӯ ва раҳбарияти ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ медонанд, бо худ ба гӯр бурд. Мақомот ба дунбол беш аз дусад нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт карданд.

Абдуҳалим Назарзода пас аз сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сидарсадӣ миёни ҳукумат ва мухолифин ба кор дар Вазорати дифоъ гузашт.

Ӯ аз ду ҳамсар чаҳор фарзанд, се писар ва як духтар дошт. Писаронаш Бахтиёр, Иброҳим, Муҳаммад ва духтараш Файзигул Назарова пас аз исёни падараш боздошт, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд. Ҳоло се фарзанди Абдуҳалим Назарзода дар озодӣ ба сар мебаранд, вале фарзанди бузургаш барои 22 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG