Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомот гуфтанд, ки малахҳо серанд, тухм мемонанду мераванд"


Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар Фархор, мақомот ба инҷо омада ва мардуми кишоварзро дилбадорӣ кардаанд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.

Мастона Куданова, як кишоварзи фархорӣ мегӯяд, ки “мо ҳамин қадар саволу ҷавоб кардем, ки муҳтарам раиси ҷамоат, малахҳо аз саҳар соати 10 меоянд, то соати 3 мемонанд. Дар ҳамин вақт зироати моро намехӯранд? Гуфт, ки вақти тухмониашон аст, мепарад, меояд ҳеҷ чиз намехӯрад. Аз моҳи март зироати моро хӯрданд, ҳеҷ чиз кишт карда наметавонем.”

Малахҳои марокашӣ як моҳ аст, ки деҳқонони деҳаи Сурхобро ба дод овардаанд. Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора, гурӯҳе аз мутахассисон омадаанд, то барои маҳви ин ҳашароти баднафс ва қотили зироатҳои мардум кӯмак кунанд. Вале ба ғайр аз трактор дигар чизе барои мубориза бо малахҳо надоштаанд. “Гуфтанд ки трактор медиҳем, худатон соляркаашро диҳед ва дору харида бипошед”, – мегӯяд, Сайёра, яке аз кишоварзон.

Аммо деҳқонони заҳматкаши Сурхоб, ки бо тарбузу харбузаҳояш дар минтақаи Кулоб маъруф аст, аз "мубориза" бо лашкари чандин миллионнафарии малахи марокашӣ хаста шудаанд ва дигар маҷоли муқовимат надоранд.

Кишоварзони Сурхоб ҳамасола дар даҳҳо гектар гандум ва дигар навъи зироатҳоро кишт мекунанд ва бо тарбузу харбузаашон ном баровардаанд. Аммо ниҳолҳои тарбузу харбузаҳо имсол тӯъмаи малахи марокашӣ шудааст. Малахе, ки имсол 51 ҳазор ҳектар заминҳо вилояти Хатлонро ба қавле ишғол кардааст.

Мақомот гуфтанд, ки малахҳои сер безараранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Кишоварзон дар Фархор мегӯянд, ки барои нест кардани ин малах танҳо ҳавопаймо нақш мебозад. Мастона Хоҷаева, вакили деҳоти Сурхоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар замони Шӯравӣ ҳавопаймо замони ҳамлаи малах дору мепошид ва малах нест мешуд. Хонум Хоҷаева афзуд, ки баъди пошхӯрии Шӯрави ҳар сол ба заминҳои кишти онҳо малах ҳамла мекунад ва заҳмати деҳқононро аз байн мебарад.

Аз соли 2010 дар маҳалҳо ситодҳои мубориза алайҳи малах ташкил карда шуда, ҳар сол ба он аз будҷаи вилоят қариб як миллион сомонӣ ҷудо мешуд. Аммо сардори корхонаи зидди малах мегӯяд, ки имсол маблағ ҷудо нашуд ва онҳо имкон пайдо накарданд, то заминҳоро дору зананд.

Зимнан, тибқи иттилои расмӣ, имсол 51 ҳазор ҳектар заминҳо вилояти Хатлон ба ҳамлаи малахи марокашӣ рӯбарӯ шудаанд. Дар Фархор беш 2000 гектар, ки бештари он заминҳои полезӣ аст, рӯ ба нестӣ оварда, баъзе деҳқонон бори дуюм дар заминҳои аз малах зарардида кишт анҷом медиҳанд. Кишоварзон мегӯянд, ки агар пеши роҳи ин гирифта нашавад, соли оянда имкони кишти зироат боқӣ намемонад.​

XS
SM
MD
LG