Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудо аз замину замон. 24 сол бе барқ, мактаб ва роҳу бунгоҳи тиббӣ


Сокинони як деҳаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гӯё аз замину замон кандаанд. Онҳо мегӯянд, ки 24 сол боз на барқ доранд, на мактаб, на бунгоҳи тиббӣ ва на роҳи хуби мошингард.

Рустои Хоҷаҳақиқ соли 1992 ташкил шуда, дар секилометрии маркази ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, вале на ҳар кас тоқати ташкили зиндагӣ дар ин деҳаро дорад. Қурбонбӣ Муродова ҳамагӣ баъди як соли ташкили ин деҳа аз ноҳияи Файзобод омадааст ва мегӯяд, ки аз он вақт то кунун тамоми ғизояшро дар оташдон пӯхта, хонаашро бо шамъу чароғи бобоӣ рӯшан кардааст.

Қурбонбӣ Муродова
Қурбонбӣ Муродова

Ӯ рӯзи 27 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ба чароғҳои фурӯзони сокинони деҳаҳои гирду атроф ва телевизорҳои пур аз барномаҳои дохиливу хориҷии онҳо “ҳасад” мебаранд, аммо солҳо боз барои кашидани хатти симчӯб ва бунёди мактабу бунгоҳи тиббӣ дасташон кӯтоҳӣ мекунад ва додашон ба гӯши касе намерасад. “Хабарҳои охирини маҳалла, ноҳия ва Тоҷикистону гӯшаҳои дунёро ё дар вақташ ё каме дертар дар сари дегу танӯр аз забони ҳамсояҳо мефаҳмем,” - мегӯяд ӯ.

Сокинони Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод ҳатто дар ҷашни зодрӯз рамзӣ ба якдигар чароғи бобоӣ ҳадя мекунанд. Қурбонбӣ Муродова мегӯяд, ин ба умеди он аст, ки як рӯз ба маҳаллаи онҳо низ барқ биояду хонаҳояшонро фурӯзон кунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Хоҷаҳақиқ: наздик ба марказу дур аз шароит
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Иззат Мирзоев, вакили деҳаи Хоҷаҳақиқ, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар бораи вазъашон ба мақомоти ноҳияи Муъминобод ва аз он болотар ҳам муроҷиат карда, то ҳол посухи мусбат нагирифтаанд. “То дукилометрии деҳа симчӯб кашида шудааст. Ин корҳоро солҳои 90-ум карда буданд. Баъди ҷанг дигар касе парвои ин деҳа надорад,” – афзуд Иззат Мирзоев.

Иззат Мирзоев
Иззат Мирзоев

Дар деҳаи Хоҷаҳақиқ дар ҳоли ҳозир беш аз даҳ хонавода зиндагӣ доранд, ки шумораи умумии сокинонаш ба зиёда аз 100 нафар баробар аст. Шуғли асосии онҳо чорводорӣ ва зироаткорӣ буда, аз ин роҳ зиндагии худро таъмин мекунанд.

Ба далели набудани мактаб фарзандони ин деҳа маҷбур ҳастанд аз рӯзи душанбе то шанбе ба мактаб-интернати маркази ноҳияи Муъминобод рафта, таҳсил кунанд. Фарзандони Қурбонбӣ Муродова низ дар ҳамин мактаб-интернат хонда, ҳоло таҳсилашонро дар донишгоҳҳои олии кишвар идома медиҳанд.

"Шукр, ки фарзандон бо ин қадар имконияти маҳдуд хонда, соҳиби дониш шуданд. Чандин кас ба деҳаи мо омад, як ё ду сол истоду аз надоштани барқ, об, роҳ баромада рафт. Агар дар инҷо қувваи барқ ва мактабу бунгоҳи тиббӣ бошад, даҳҳо нафар омада манзил мекунанд,” – гуфт ӯ.

Саъбагул Гиёева
Саъбагул Гиёева

Мушкили дигаре, ки сокинони Хоҷаҳақиқ солҳо боз натавонистаанд аз банди он раҳоӣ ёбанд, адами бунгоҳи тиббист. Саъбагул Гиёева, сокини дигари Хоҷаҳақиқ, мегӯяд, занони ҳомилаи деҳаи онҳо чанд вақт пештар аз замони таваллуди фарзанд ба хонаи наздиконашон дар маркази ноҳия ё гӯшаи дигари наздик ба бунгоҳи тиббӣ рафта, ҷой мегиранд.

Ӯ гуфт, “бемордорӣ аз ҳама мушкили аслист. Агар Худо накарда зимистон бошад, сахт азоб мекашем. Чунки роҳи мошингарди хуб нест ва фикр кунед, ки аз инҷо то бемористон касалиҳоро чи гуна бибарем?”

Бо вуҷуди ин ҳама мушкил сокинони Хоҷаҳақиқ ҳанӯз умеди онро аз даст надодаанд, ки як рӯз ба деҳаи онҳо низ барқ меояд ва фарзандашон дар мактаби деҳа хонда, беморонашон дар бунгоҳои тиббии русто табобат хоҳанд гирифт.

Мақомоти вилояти Хатлон низ мегӯянд, то соли 2019 мушкили куллан хатти симчӯбу барқ надоштани сокинони рустоҳои ин минтақаро ҳал хоҳанд кард. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар як нишасти хабарияш гуфта буд, ки 116 деҳа дар ин вилоят умуман аз қувваи барқ маҳруманд.

XS
SM
MD
LG