Як нафар корманди пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои рафтори "дағалона" бо ширкатдорони ҷашни ҳиндии "Ҳоли" аз вазифа озод карда шуд ва се нафари дигар танбеҳ гирифтаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми май қазияи боздошти гурӯҳе аз ҷавонон пас аз баргузории ҷашни "Ҳолӣ" дар шаҳри Душанберо шарҳ дод. ВКД мегӯяд, ки боздошти ин ҷавонон ба манзури ҳифзи тартибот ва бар асоси шикояти сокинон, сурат гирифтааст.
Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки рӯзи 5-уми май ин маҳфил дар майдони Спитамен гузорида шуд ва қабл аз анҷоми он, ҷавонони иштироккунандаро огаҳ намуданд, ки бо рӯйю мӯй ва либосҳои рангкарда ба кӯча ва хиёбонҳо ҳаракат накунанд. Аммо баъди анҷоми ин маросим ҳудуди 40-50 нафар аз ин наврасону ҷавонон бо сару рӯй ва либосҳои рангкардашуда дар назди театри "Лухтак" хиёбони Рӯдак, кӯчаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳаракат карда ва тартиботи ҷамъиятиро "дағалона" вайрон кардаанд.
Ба таъкиди вазорати умури дохилӣ, чунин амалу рафтори ҷавонон боиси изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони пойтахт шудааст ва баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон оиди гаштугузори ҷавонони шубҳанок, кормандони пулис 48-нафар, аз ҷумла 31 нафар ноболиғ ва 17 нафар ҷавонро боздошт ва ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин амали кормандони пулис тибқи қонун будааст, зеро пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонистааст боиси бетартибиҳо гардад.
Дар ҳамин ҳол вазорат мегӯяд, ки бинобар "дағалона" рафтор намудани кормандони пулис, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД, нисбати 4 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ аз ҷумла 1-нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд. Аммо дар хабарномаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин кормандони пулис, ки муҷозот шудаанд, ном бурда нашудааст.
Аз ин қабл вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. Як ҳамсӯҳбати мо аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло се нафар корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми май дар як ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани чунин як ҳодиса ҷиддан нигаронӣ карда, ба тафтиши он супориш додааст. Вазир гуфтааст, корманди милиса бояд дар чорчӯбаи қонун ва ахлоқ бо қонуншиканон рафтор кунанд: "Вазир супориш додааст, то воқеияти он навор санҷида шавад. Агар он дуруст бошад, ҳатман кормандони милиса барои чунин амал ҷазо мебинанд."
Сабти садое, ки рӯзи 16-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, гурӯҳе, ки худро корманди милиса муаррифӣ мекунанд, бо чанд боздоштшуда, ба хусус духтарон бо як лаҳни қабеҳ муомила мекунанд.
Дар навори савтии 16-дақиқаӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, шунида мешавад, чӣ гуна маъмурони милиса модарони боздоштшудаҳо ва бахусус духтаронро дашноми қабеҳ медиҳанд ва садои торсакӣ меояд. Дар ин савт, ки пинҳонӣ дар телефони ҳамроҳ сабт шудааст, шунида мешавад, ки як нафар бо доду фарёд ва ба муроҷиат ба каси дигар мегӯяд: "Ҳиндустондаӣ? Дар куҷоен Шумо? Тинҷӣ намефоратон?" ва сипас дашномҳои қабеҳе медиҳад, ки ба далоили ахлоқӣ зикри онҳо ҷоиз нест.
Навори бадрафторӣ бо гурӯҳе аз боздоштшудаҳои ноболиғ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сару садои зиёдеро барангехт. Бархе аз сокинон рафтори маъмурони милисаро маҳкум карда ва хостори ҷазо додани онҳо шуданд. Эътилофи созмонҳои мубориза бо шиканҷа ҳам гуфтааст, ки омода аст, дар сурати муроҷиати ҷабрдидагон ба додситонӣ аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад.
Насиба Каримова, раҳбари созмони “Алегрия”, ки баргузоркунандаи ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои баргузории ҷашн аз мақомот иҷозат гирифтанд. Каримова гуфт, ин наврасону ҷавонон замоне боздошт шуданд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон мерафтанд.
"Ҳатто барои вайрон накардани тартибот ҳудуди даҳ нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳам ҳузур доштанд. Аз соати 16 то 18 баргузор шуд. Ҳудуди 400 нафар иштирок доштанд, вале дақиқ намедонам он бегоҳ чанд нафар боздошт шудаанд," - гуфт Насиба.
Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашнвораи миллӣ-мазҳабӣ аст, ки дар Ҳиндустон, ба вижа таввасути ҳиндуҳо дар моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин ид дар тамоми Ҳиндустон рӯз таътили расмӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол аст, ки як гурӯҳ аз ин ҷашн истиқбол мегиранд.
Бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтанд, ки барои аз байн бурдани бадрафториву шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва боздоштгоҳҳо чораҳои зиёд меандешанд.