Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Раҳимзода бо Колоколтсев оид ба занозанӣ дар Маскав


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми майр дар робита ба занозанӣ дар гӯристони Хованское, ки дар он се муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд, бо вазири умури дохилии Русия ду дафъа гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сӯҳбати Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст ва зимни он, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ, мубодилаи ахбор оиди ҷинояткорон ва дидани чораҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба дастгир намудани ҷинояткорон, баррасӣ гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки барои ба таври қомил ва воқеъбинона пеш бурдани корҳои тафтишотӣ вобаста ба ин қазия, намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия Абдуғаффор Азизов ва Хадамои махсуси Тоҷикистон бо супориши вазири корҳои дохилии Русия ба гурӯҳи тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав шомил карда шудаанд.

Рӯзи шанбеи 14-уми бар асари занозанӣ дар гӯристони Хованское дар шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин моҷаро 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис дар робита ба ин қазия 90 нафарро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG