Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқи саҳна пеши ишқи Худо ҳеч аст..."


Овозхонҳои минтақа ҳарчӣ бештар рӯ ба намоз меоваранд ва тоату ибодатро аз ҳунарнамоӣ дар саҳна авлотар мехонанд.

Сироҷиддини Фозил, овозхони шинохтаи тоҷик, иқрор мекунад, ки ҳанӯз барои сурудани таронаҳои мазҳабӣ омода нест. Муҳаббат ба дину мазҳаби аҷдодӣ бояд дар рагу пайванди кас бошад ва онро тавассути мусиқӣ изҳор кардан шарт нест, мутмаин аст ӯ. Сироҷиддини Фозил меафзояд, суруд хондани ман фақат ба хотири шод кардани хотири мардум нест, ман бисёр мехоҳам, ки тарона шунавандаро тарбия кунад, дар замираш муҳаббат ба ватану модару зиндагиро бедор созад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи овозхони тоҷик, баъзеҳое, ки таронаҳои мазҳабӣ мехонанд, ба мӯҳтавои он ҳатто сарфаҳм намераванд. Зиёда аз ин, рафтору кирдорашон низ мутобиқ ба сурудаашон нест, гуфт ӯ аммо аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ намуд.

Сироҷиддини Фозил
Сироҷиддини Фозил

Аввалин таронаҳои мазҳабӣ дар саҳна ва клипҳои “мазҳабӣ” солҳои 90-уми қарни гузашта пайдо ва маъмул шуданд. Аз ин пеш дар Тоҷикистон ҳунармандон наът ё мадҳия мехонданд ва ҳатто режими сахти шӯравӣ натавонист онро аз байн бубарад. Умари Темур, ҳунарманд ва муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, ки дар Рашту Хатлон «наът» бо оҳанги махсусу забони соддаю равон одатан дар ёдбуди ягон шахси бузург ё имомону шайххои шаҳид ва баъзан дар сӯрҳои арӯсӣ барои гурӯҳи хурди мардум суруда мешавад. Миёни мардуми манотиқи ҷануб қиссаҳо дар бораи Паёмбар ва ҳамчунин қиссаи “Султон Замзама” бисёр маъруф аст, ки онро баъзеҳо “Каллаи пӯсида” ҳам меноманд, мегӯяд ӯ. Замони шӯравӣ ҳунармандони маъруфе чун Одина Ҳошим ҳам дар маҳфилҳои хоса ё дар тӯйҳо барои мӯйсафедон “наът” мехонданд.

Чанд сол пеш вақте Парвина Шукруллоева таронаи “Муҳаммад”-и Самӣ Юсуф дар васфи паёмбари Исломро бо либоси нисбатан бози аврупоӣ иҷро кард, ки ба вокуниши тунди доираҳои мазҳабии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Баъди ӯ Шабнами Сурайё ҳамроҳ бо Ҷонибеки Мурод таронаи “Аллоҳу”-ро иҷро кард ва шояд аз таҷрибаи талхи Парвина сабақ гирифта буд, ки дар консертҳояш ҳатман ҳиҷоб ба сар мекард. Шабнаму Фарзона баъд аз ҳаҷҷи умра як таронаи мазҳабиро сабт намуданд. Садриддини Наҷмиддин низ чанд сол пеш таронае дар васфи Муҳаммад иҷро карда буд, ки миёни ҳаводоронаш маъруф шуд.

Зимнан, ҳунармандони ҳирфаӣ Ҷӯрабеки Мурод ва Афзалшоҳи Шодӣ баъди сафари Ҳаҷ ба хонандагӣ идома доданд, вале Маликаи Саидзод баъди зиёрати Маккаву Мадина тарки саҳна кард. Ҳотами Равшан, дигар аз ҳунармандони шинохта, бошад акнун фақат таронаҳои орифона мехонад.

БАЪДИ НАМОЗ БА САҲНА!

Солҳои ахир дар Қирғизистон ҳам раванди мазҳабӣ шудани овозхонҳо ва ситораҳои поп идома дорад. Баъзе аз онҳо баъд аз ошноии наздик бо меъёрҳои шариат ҳатто саҳнаро тарк намуданд. Аммо Мирбек Отабеков, овозхони шинохтаи қирғиз мегӯяд, ки ҳарчанд ӯ ҳам солҳои ахир панҷ вақт намозашро тарк намекунад, аз саҳнаи ҳунар бадар рафтанӣ нест. Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радио Озодӣ ӯ гуфт, ҳар кас дар зиндагӣ интихобе дорад, қабл аз ман авлоди падарам ва бобову бибиям намозхон буданд ва ман ҳам медонистам, ки рӯзе дасти дуо сӯи Парвардагор хоҳам кард.

Мирбек Отабеков
Мирбек Отабеков

Ба гуфтаи Мирбек, ҳоло барояш се чиз муҳим аст - панҷ вақт намоз гузоштан, кори хайр анҷом додан ва ба касе бадӣ накардан. Ӯ иқрор мекунад, ки баъд аз намозхон шуданаш дар барномаи ҳунарияш тағйире ворид нашудааст ва дар барномааш ягон таронаи мазҳабӣ нест, зеро эҳсос мекунад, ки барои хондани ин гуна тарона омода нашудааст. “Фикр мекунам, ки барои ин кас бояд ба камол бирасад. Ман нақша дорам, ки на фақат таронаҳои мазҳабӣ сароям, балки таронаҳо дар бораи волидайн, дар бораи Ватан, дар бораи башарият, умуман дар мавзӯъҳои гуногун суруд хонам. Ман фикр мекунам, ки дар бораи ҳама чиз метавон тарона хонд», мегӯяд овозхони маъруфи қирғиз..

Қудрат Тайчабаров, хабарнигор ва продюсери қирғиз мегӯяд, ки дар чанд соли ахир шумораи овозхонҳое, ки панҷ вақт намози худро тарк намекунанд, 50 дар сад афзоиш ёфтааст. Ва ҳамаи онҳо маъруфтарин овозхонҳои қирғизанд ва дар берун аз кишвар ҳам шӯҳрат доранд, мегӯяд ӯ. Умар, Арсен, Мирбек Отабеков ва ситораи нави мусиқии қирғиз Нурлан пайваста намоз мегузоранд. Зимнан, ҳамаи онҳо Ҳаҷҷи умраро анҷом додаанд.

Вале овозхони шинохта Мухтор Отаналиев ва чанд ситораи дигари ҳунар, аз ҷумла, Асал Қидиқова ва Мирлон Ниёзов, эълом доштанд, ки ишқи саҳна пеши ишқи Худованд ҳеҷ аст, меафзояд мусоҳиби мо. Ахиран Бекчоро, як овозхони ҷавон, ки миёни мардум хело маъруф шуда буд, ба хотири мазҳаб аз саҳна канор рафт ва ҳатто пойтахтро тарк намуд.

РӮ БА ҲАҶ ОВАРДАНИ ОВОЗХОНҲО АЗ БАҲРИ ЧИСТ?

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Қудрат Тайчабаров, рӯ овардан ба дуову намоз овозхонҳои қирғизро тағйир додааст ва, бигирем, онҳо хайр мекунанд ва аммо инро ошкор намесозанд. «Онҳо ба хонаводаҳои эҳтиёҷманд кӯмак мекунанд. Пайваста консерти хайрия ташкил мекунанд. Дар бораи ёрияшон ба эҳтиёҷмандон ба касе чизе намегӯянд, ман чун ҳамеша бо онҳо ҳастам, инро медонам", изҳор намуд Қудрат.

Аммо адибону коршиносони минтақаӣ, аз ҷумла, шоири қирғиз Жиргалбек Касаболотов мегӯяд, ки рӯ ба мазҳаб овардани овозхонҳо бесабаб нест. Дуруст аст, ки ҷомеаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мазҳабӣ шудаанд ва овозхонҳо ҳам аз ин раванд канор намондаанд. Аммо бештари онҳо тавассути таронаҳои мазҳабӣ мехоҳанд ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он ҳаводорони бештар пайдо кунанд. Жиргалбек меафзояд, дар аксар вақт овозхонҳо барои он таронаҳои мазҳабӣ мехонанд, ки ҳоло ин ба гунае «мӯд» шудааст.

Абдулазиз Карим
Абдулазиз Карим

Абдулазиз Карим, ҳунарманди шоистаи Ӯзбакистон, ки ду сол боз дар Туркия ба сар мебарад, мегӯяд, дар Узбакистон хондани таронаҳои мазҳабӣ манъ шудааст. "Ман тақрибан 15 сол пеш бар пояи ҳикматҳои Аҳмади Ясавӣ чанд тарона офаридам, вале ба пахши онҳо иҷоза надоданд ва аз ман талаб карданд, ки аз ин кор даст бардорам. Дар матни суруд набояд вожаҳои “Аллоҳ” ё “Бисмиллоҳ” ва дигар калимаҳои мазҳабиро истифода кард. Ин аз тарафи ҳукумат ва мақомоти дахлдор қатъӣ манъ шудааст, яъне сиёсат ҳамин гуна сиёсат аст, мегӯяд Абдулазиз Карим.

Аз нигоҳи овозхони маъруфи узбак, ин бархӯрди мақомоти Узбакистон ба мусиқии мазҳабӣ – “мерос”-и замони шуравист, ки “Дин барои халқ афъюн аст!” шиораш буд. Ҳарчанд охирҳои солҳои 90-ум даврае ҳам буд, ки бештари овозхонҳои узбакистонӣ ба таронаҳои мазҳабӣ рӯ оварда буданд.

Абдулазиз Каримов меафзояд, фақат овозхони маъруф Дониёр Тошмуҳаммадов соли 1998 бо далелҳои мазҳабӣ саҳнаро тарк намуд ва ба тиҷорат пардохт. Ҳунарманди мардумии Узбакистон Озодбек Назарбеков ҳам чанд сол пеш мазҳабӣ шуд ва барои чанд муддат аз саҳна канор рафт. Аммо ӯ ахиран дубора вориди шоу-бизнес шудааст ва аз маҳбубтарин овозхонҳои муосир маҳсуб мешавад.

Вале дар Узбакистон бо вуҷуди сензураи шадид гоҳ-гоҳ таронаҳои мазҳабӣ пайдо мешаванд. Соли гузашта Шаҳноз, овозхон ва оҳангсози шинохта, дар оғози моҳи мубораки Рамазон таронаи наваш бо номи “Ё Рамазон”-ро нашр кард. Дар ин тарона, ки ба гуфтаи Шаҳноз матнашро низ худи ӯ навиштааст, асосан шарофатҳои ин моҳ тавсиф шуда, дар нақароташ низ батакрор “Хуш омадӣ, Рамазон” хонда мешавад.

Шаҳноз
Шаҳноз

Шаҳноз дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз соли 2004 ба ин тараф дар мавзӯъҳои мазҳабӣ тарона мехонад, вале тарзи хонданаш аз сабки салавот ва нашиде, ки дар Туркия ё кишварҳои Араб мехонанд, фарқ мекунад. "Ман ҳанӯз ба дараҷае насабзидаам, ки салавот ё нашид бихонам. Вале “Ё Рамазон” аз тарафи мардум хуб қабул шуд», гуфтааст овозхони шинохта.

Дар Туркманистон чанд сол пеш Полвон Холмуродов маҳз бо таронаҳои мазҳабӣ шӯҳрат ёфт. Аммо мақомоти фарҳангии кишвар аз ӯ талаб карданд, ки сурудани ин таронаҳоро бас кунад. Ба думболи ин, роҳи овозхон ба садову симои давлатӣ баста шуд. Хабарнигори туркман Туймурод Бугаев мегӯяд, овозхони маъруфро, ки зимнан гиторнавози хеле мумтоз аст, акнун гоҳ-гоҳ ба тӯйҳои арӯсӣ дар рустоҳои дурдаст даъват мекунанд ва бар пояи баъзе хабарҳо, ӯ дар ҳуҷраи алоҳида барои гурӯҳи хурди мардум таронаҳои мазҳабӣ мехонад.

Дар Туркманистон пахши таронаву клипҳои динӣ аз сӯи овозхонҳои туркман ва хориҷӣ, аз ҷумла, турку араб аз тариқи телевизиону радио ба таври қатъӣ манъ шудааст, аз ин рӯ акнун таронаҳои Полвон Холмуродовро туркманҳо фақат аз тариқи интернет гӯш мекунанд.

XS
SM
MD
LG