Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳо ва рӯзноманигоронро ба мурофиа роҳ надоданд


Имрӯз, 3 май, дар толори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиаи якҷояи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов шурӯъ шуд.

Рӯзи сешанбеи 3 май, дар толори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиаи вакилони мудофеъи саршинос Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов пас аз 1,5 соати таъхир оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар оғози мурофиа ба намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва хабарнигорон иҷозаи вуруд ба толор дода нашудааст.

Рустам Ҳакимов, вакили мудофеъи Бузургмеҳр Ёров, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба далели ҳимоят карда натавонистанаш дар мурофиа зерҳимояаш аз хидмати ӯ даст кашидааст".

Ҷаноби Ҳакимов гуфт, ҳамчунин, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов хостори иваз кардани додраси мурофиа Асомиддин Бобохонзода шудаанд.

Пасаз баррасӣ дар толори машваратӣ пешниҳодоти Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рад гардид. Мурофиаи мазкур рӯзи 10 май идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Чарлз Болланд, намояндаи дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири назорати ҷараёни мурофиаи вакилони мудофеъ ба додгоҳ омада, вале иҷозаи ширкат дар ин мурофиаро дарёфт накардааст.

Бобоназарова: Ёров мурофиаи беғаразона мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Аввал кормандони пулис рӯзи 28 сентябр ба дафтари “Сипар” ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват кардаанд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.

Баъдан, рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декабри соли гузашта ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ - “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад” - муттаҳам донистанд.

Ба қавли наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ дар мулоқот бо онҳо гуфтааст, ки ин айбномаҳо асос надоранд, чунки вай як вакили мудофеъ буда ва ҳеч гоҳ ба амалҳои тундгароиву даъватҳои оммавӣ ҳеч гоҳ даст назадааст.

Аммо мақомоти тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дафтари матбуоти ин вазорат дар робита ба айбномаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров бино бар махфӣ будани парванда то ҳол шарҳе надодаанд.

XS
SM
MD
LG