Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамоат барои 18 000 доллар ба зиндон рафт


Додгоҳе дар шимоли Тоҷикистон раиси собиқи ҷамоати Халифа Ҳасанро барои тақсими ғайриқонунии замин ба сокинон ва гирифтани 18 ҳазор доллар ришва муҷрим шинохтааст.

Додгоҳи шаҳри Панҷакент як раиси собиқи ҷамоатро бо гуноҳи қаллобӣ, гирифтани ҳазорон доллар ришва ва тақсими ғайриқонунии замин ба зиндон маҳкум кард.

Масъулони додгоҳ рӯзи 30 апрел гуфтанд, А.Шарифов - раиси собиқи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан якҷоя бо мутахассиси заминсоз А. Бобоев ғайриқонунӣ ба чанде аз сокинони ҷамоат замин дода, баъдан ин ҷинояташон ошкор шудааст.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Шарифов аз соли 2006 то соли 2013 ба ҳайси муовини раиси раиси ҷамоати Халифа Ҳасан ва сипас ба ҳайси раиси ҷамоат ба се сокини деҳаи Фонии ҷамоати деҳоти Моғиён ваъдаи замин карда ва аз онҳо дар маҷмӯъ 18 ҳазор доллар гирифтааст. Ба қавли манобеи додгоҳ, ин сокинон ба ваъдаи раиси ҷамоат, ки масъулияти тақсими заминро надоранд, бовар карда ва ба ӯ пули мазкурро марҳила ба марҳила медиҳанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, 8 ҳазор доллари сокинонро, ки ба замин ва манзили истиқоматӣ муҳтоҷ будаанд, раиси ҷамоат дар утоқи кориаш гирифта ва ба онҳо бо гузашти муддате санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла сертификати ҳуқуқи истифода аз заминро додааст. Додгоҳ номи сокинони ҷабрдидаро зикр накардааст ва фақат бо ҳарфи аввали номи онҳо иктифо кардааст.

Раиси ҷамоатро додгоҳи шаҳри Панҷакент бар асоси моддаҳои 247, яъне қаллобӣ ва бахусус бар асоси моддаи 338, яъне ғайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ ҷазо додааст, ки аз 5 то 8 соли зиндон ва ё ҷаримаи бузургро пешбинӣ мекунад. Ба Озодӣ муяссар нашуд, назари вакилони дифои маҳкумшудагонро бигирад, вале дар гузашта низ мақомоти интизомии Тоҷикистон даҳҳо нафар аз масъулони давлатиро барои тақсими ғайриқонунии замин ба ҷазо кашидаанд.

Дар давоми тақрибан 5 соли охир, бо эътирози додситонҳои Тоҷикистон 3450 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро беэътибор кардаанд ва тақрибан 2630 қарор, ё зиёд аз 76 дар сади қарорҳои беэътиборшуда оид ба замин будаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то соли 2014 ва дар муддати 10 сол барои риоят накардани қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи замин 2515 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва садҳо нафарро ба зиндон андохтаанд ва ё ҷарима бастаанд.

Афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламравашро кӯҳистон ташкил медиҳад, сабаби талаботи зиёд ба қитъаҳои замини хонасозӣ шудааст ва мардум солҳои тулонӣ мунтазир мемонанд, то ба порчае аз замин соҳиб шаванд. Бо истифода аз ин ноилоҷии мардум ва бахусус хонаводаҳое, ки се чор оила дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд, баъзе аз мақомоти масъул бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва ё дар ивази ришва ба афроди ниёзманд замин медиҳанд.

Вале дар ниҳоят баъд аз тағйири қарори раиси ноҳия ва ё шаҳр ва ё омадани раиси нав афроде, ки чунин замин гирифтаанд, дигарбора бе замин мемонанд ва мавридҳое будааст, ки хонаҳои бузургашонро вайрон кардаанд. Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар гузашта аз тақсими ғайриқонунии замин изҳори нигаронӣ карда ва аз мақомот хостааст, пеши чунин қонуншиканиҳоро бигиранд.

XS
SM
MD
LG