Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду нафарро ба гумони қочоқи маводи кимиёӣ боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат, ду нафар, сокини 63-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 46-солаи Душанбе ба гумони қочоқи симоб дастгир шудаанд.
Дар маҷмӯъ аз ин ду нафар 5 килограмму 922 грамм маводи кимиёии симоб кашф ва мусодира шудааст.
Дар мавриди ин ҳодиса бо айбномаи “нигаҳдории ғайриқонунии маводи радиоактив” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.