Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия, рӯзи 31 март аз Душанбе ба зиндоне дар Екатеринбург интиқол ёфтаанд. Ин ду сарбози рус моҳи августи соли гузашта ба ҷурми қатли ронандаи тоҷик Раҳимҷон Тешабоев мутаносибан ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуда, то ин вақт дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд.
Як манбаи Озодӣ дар додгоҳи ҳарбии гарнизони пойгоҳи 201-и Русия рӯзи 1 апрел гуфт, ки интиқоли Илдар Сахапов ва Федор Басимов бо қарори додгоҳ сурат гирифтааст. "Дар бораи адои ҷазои онҳо дар Русия дар қарори додгоҳ, ки моҳи августи соли гузашта содир шуда буд, таъкид гардидааст. Бинобар ин, ҷойи нигаронӣ надорад," - афзуд ӯ.
Манбаъ илова кард, ки аммо масъалаи пардохти 1 миллион рубл зарари маънавӣ ва моддӣ ба хонаводаи ронандаи тоҷик Раҳимҷон Тешабоев аз тарафи ин ду сарбоз баъд аз оғози давраи ҷазои онҳо дар маҳбас сурат хоҳад гирифт.
Рустамҷон Тешабоев, бародари Раҳимҷон, ба Озодӣ гуфт, ки рӯзи 31 март додгоҳи ҳарбии гарнизони пойгоҳи Русия хонаводаи онҳоро даъват карда, дар бораи интиқоли ин ду сарбоз хабар додааст. Аммо мегӯяд ӯ, "аслан дар бораи пардохти ҷуброн ҳарф назаданд ва маълум нест, ки ин миқдор пул кай пардохта хоҳад шуд." Нигора Ҳайитова, вакили мудофеи хонаводаи Раҳимҷон Тешабоев, низ мегӯяд, баъд аз он ки Тешабоевро куштанд, Басимов аз дохили мошини ӯ 37 ҳазору 500 рубл гирифта буд ва аз ин рӯ пардохти ҷарима аз тарафи маҳкумшудаҳо ногузир аст.
Дар посух ба ин, вакили мудофеи Илдар Сахапов ва Федор Басимов ба Озодӣ гуфт, ки "танҳо пас аз оғози адои давраи ҷазо дар маҳбаси Русия сарбозҳои маҳкумшуда ба кор ҷалб шуда ва аз ҳисоби даромад ҷаримаро пардохт хоҳанд кард."
Додгоҳи гарнизони низомии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта пардохти ҷарима барои зарари маънавӣ ва моддиро ба хонаводаи Тешабоев дар ҳаҷми 1 миллион рубл тасдиқ карда, қарор кард, ки 40 дарсади ин маблағро Сахапов ва 60 дарсадашро Федор Басимов ба дӯш мегиранд.
Ин ду сарбози пойгоҳи низомии Русия 26 августи соли 2014 баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 августи ҳамон сол ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард.