Хонаводаи Одинаевҳоро дар Тоҷикистон ба унвони оилаи шатранҷбозон мешиносанд. Саодат Одинаева, шатранҷбози моҳир ва мураббии шоҳмот мегӯяд, ки дар хонаводаашон ҳама ба шатранҷбозӣ машғуланд.
Ӯ мегӯяд: "Ман аз чорсолагӣ ба ин навъи варзиш меҳр бастам ва аввалин мураббиам падарам Амонулло Одинаев буд. Дар ноҳияи мо мактаби шоҳмот фаъолият дошт, ки ба он мутахассиси варзида Александр Бескровний раҳбарӣ мекард. Ман узви фаъоли маҳфили шатранҷбозон будам. Баъди он ки шатранҷбозиро хуб омӯхтам, аз синни 6-солагӣ дар мусобиқоти ноҳиявӣ иштирок мекардам. Ман ҳаёти худро бе шоҳмот тасаввур карда наметавонам".
Саодат Одинаева ҳанӯз аз замони салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқоти мухталиф байни кӯдакону наврасон иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекард.
- Дар мусобиқоти умумииттифоқии шатранҷбозони ҷавон дар шаҳрҳои Рига, Вилнюс, Полтава, Одесса, Маскав, Сочи, Ашхобод ва ғайра ширкат варзидаам. Вале ба натиҷаҳои назаррас байни бузургсолон ман дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мушарраф шудаам. Чандин маротиба ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Душанбе ва соли 2005-ум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон байни занон даст ёфтаам. Ҳамчунин соли 2008 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Дрездени Олмон,натиҷаи дилхоҳ нишон додам. Ду бор – солҳои 2012 дар Истамбули Туркия ва соли 2014 дар Тромсои Норвегия – дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар гурӯҳи “D” дар ҳисоби дастаӣ миёни занон ҷойҳои аввлро гирифтем.
Саодат Одинаева, ки 42 сол муқаддам дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст, ду маълумоти олӣ дорад. Нахуст Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Феълан дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии шоҳмот кор мекунад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Духтараш Мутрибаи 19-сола қаҳрамони 13-каратаи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон миёни бонувон аст. Писараш Амонуллоҳи 15-сола, ки хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Душанбе мебошад, байни ҳамсолони худ ба унвони қаҳрамони шоҳмоти кишвар даст ёфтааст. Амонуллоҳ ба ҷуз шоҳмот гиторнавозиро хуб омӯхтааст ва ҳангоми фароғат ба ин шуғли дӯстдоштааш машғул мешавад.
Хонум Одинаева дар кори мураббигӣ низ муваффақ гаштааст.
- Хеле хушнудам, ки шогирдони хуб дорам ва аз ҳар як муваффақияти онҳо меболам. Ба ғайр аз фарзандонам Мутрибаву Амонуллоҳ, инчунин, шогирдонам Алишери Муъмин, Сарвиноз Каримова ва Озода Мирзоева қаҳрамонҳои кишвар байни наврасон мебошанд. Шогирдонам дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Эрон маҳорати хуб зоҳир кардаанд.
Ба андешаи хонум Одинаева барои рушди минбаъдаи шоҳмот дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зурур аст.
- Ба андешаи ман пеш аз ҳама бунёди бинои шоҳмот барои мактаби махсуси мо зарур аст. Зеро дар ҷои бинои пешини мактаб, ки дар замони шӯравӣ дар маркази Душанбе сохта шуда буд, Боғи Устод Рӯдакӣ бунёд ёфт ва тӯли чанд сол аст, ки машғулиятҳои мо ва мусобиқоти шоҳмот дар толорҳои мактабҳои миёнаи шаҳр баргузор мешаванд. Солҳои пеш дар Душанбе Клуби шоҳмот амал мекард, ҳамчунин, мардум дар чойхонаҳо бо шатранҷбозӣ машғул мешуданд. Аммо ҳоло ин манзара ба назар намерасад. Фикр мекунам, хуб мебуд, ки шоҳмот ҳамчун фан ба барномаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дохил мешуд. Вақте ки ман дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот бо шатранҷбозони Озарбойҷон ҳамсӯҳбат шудам, онҳо гуфтанд, ки дар шаҳри Боку 18 мактаби шоҳмот амал мекунад. Вале дар ҷумҳурии мо ҳоло танҳо як мактаби махсуси шоҳмот мавҷуд аст, ки он ҳам бино надорад.
Оилаи шатраҷбозон Одинаевҳо на танҳо аз ҷиҳати рӯҳӣ, инчунин аз лиҳози ҷисмонӣ низ худро обутоб медиҳанд. Ҳар субҳ онҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба дав машғул мешаванд.
Саодат Одинаева орзу дорад, ки шогирдонаш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ муваффақ шаванд ва ба мисли Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, ба унвони гроссмейстери байнулмилалӣ ё бузургустод даст ёбанд.