Фазл-ул-Ҳодӣ Муслимёр -раиси Мишрону Ҷиргаи Афғонистон 19 март дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул гуфтааст, ки аз гуфтугӯҳои сулҳ бо Ҳизби Исломии Афғонистон истиқбол мекунад.
Вай гуфт, “ҳоло ҳайати ин ҳизб омада аст ва мо хушбин ҳастем, ки як паёми хуб барои сулҳ дошта бошад ва он чиро, ки мардуми Афғонистон мехоҳанд, дар ин музокирот дар назар гирифта шавад”.
Муслимёр ҳамчунин аз дигар мухолифони мусаллаҳи давлат хост, ки вориди музокироти сулҳ шаванд ва бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Муслимёр ин суханонро дар ҳоле изҳор дошт, ки музокироти сулҳ бо ин ҳизб, яъне Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи панҷшанбе оғоз шуда буд.