Ба муносибати 25-уми солгарди истиқолият, дар Тоҷикистон озмуни беҳтарин вилоят шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот деҳа, маҳалла ва хонаю оила, гузаронида мешавад
Дар амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 24-уми феврал, ки рӯзи 5-уми март дар расонаҳои давлатӣ ба нашр расид, ҳадаф аз баргузории ин озмун, "дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон", гуфта шудааст.
Раҳбарии ин комиссияро муовини сарвазир Азим Иброҳим ба ӯҳда дорад ва ёвари президент дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А.Раҳмонзода, раиси Кумитаи рушди маҳал Р.Қосим ва сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали дастгоҳи президент, муовинони ӯ мебошанд. Муовинони ҳама вазоратхона ва кумитаву оҷонсиҳои давлатӣ, дар ҳайати комиссияи баргузории ин озмун шомиланд.
Озмун байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳиятҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ давоми моҳҳои март ва август дар чаҳор марҳила баргузор мешавад ва даври ниҳоии он дар пойтахти кишвар дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолият, доир мегардад.
Дар ин озмун қоидаҳое чун ҳолати иншоот, бино, сифати шинонидани гулу дарахтон, сифати ороиши дохилӣ ва берунии биноҳо, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва экология, рушди соҳибкорӣ, ба назар гирифта мешаванд.
Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани "хонаи намунавӣ" симои меъмории ҳавлӣ ва хона, тозагӣ ва ободонӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо ва барои муайян намудани "оилаи намунавӣ" -- тарбияи намунавии аҳли хонавода, хониши хуби фарзандон, сатҳи доштани маълумоти олӣ ва шуғли хонавода, иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ва мавқеи оила дар маҳал, будааст.
Барои ҷойи беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва вилоятӣ, ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ, барои шаҳру ноҳияи беҳтарин ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ, барои шаҳраку деҳоти беҳтарин ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва барои маҳаллаву деҳоти беҳтарин мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ супорида мешавад, Ҳамин тариқ барои хонаи намунавӣ ва оилаи намунавӣ, ки ҷойҳои беҳтаринро ишғол менамоянд, шаҳодатнома ва ду мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст.