Тақрибан 30-40 марзбони қирғиз нисфирӯзии шанбеи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти ду сокини ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов парчами кишварашонро насб кардаанд.
Шоҳидони айнӣ рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ин ҳодиса хабар доданд. Ба қавли онҳо, марзбонҳои қирғиз иддао кардаанд, ки манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.
Сокинони маҳалли наздимарзӣ мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз, инчунин, ба хонаи сокини дигари Овчи Қалъача Абдуғаффор Ҷалолов, ки дар назди обанбори ин маҳал зиндагӣ мекунад, нимарӯзи 6 феврал парчам насб кардаанд. Онҳо мегӯянд ва аз аксҳо низ, ки чанд соат қабл бардошта шудааст, дида мешавад, ҷои ҳодисаро сарҳадбонҳои қирғиз зери назорат гирифтаанд.
Як сокини ҷамоати Овчи Қалъача гуфт, ки мардум аз ин амали марзбонҳоии қирғиз дар тааҷҷубанд, зеро ин қитъа аз ибтидо ба Тоҷикистон тааллуқ дошт. Ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо ҷамоати Кулундуи вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
"Амали марзбонҳои қирғиз фақат боис ба тааҷҷуб шуда, аммо ягон даъвову моҷаро ба дунболи ин ҳодиса сурат нагирифтааст," - гуфт мусоҳиби мо.
Эргаш Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ рӯй додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, ки барои ҳалли ин мушкил, шомгоҳи рӯзи гузашта бо раиси ҷамоати Қулунду Қувватбек Сулаймонов мулоқот ва сӯҳбат анҷом додааст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мақомоти маҳаллии қирғиз ҳам пойфишорӣ доранд, ки ин қитъаи замин ба Қирғизстон тааллуқ дорад ва ин масъала бояд дар сатҳи мақомоти баландпояи ду кишвар ҳал шавад.
Эргаш Ҷӯраев афзуд, ки аз ин мушкил мақомоти ҳар ду ҷониб огоҳанд ва қарор аст, ки ҳайатҳо рӯзи 8 феврал, дар як мулоқоти вижа ба ин мушкил расидагӣ кунанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки барои ҳалли ин мушкили наздимарзӣ, киҳо бояд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар кунанд.
Раиси ҷамоат мегӯяд, ҳарчанд аз ин иқдоми Қирғизистон ҳама сокинони маҳал ҳайронанд, аммо вазъ таҳти назорат мебошад ва умедворанд, ки ин қазия фақат бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз нисф зиёдаш аломатгузорӣ нашудааст, сари чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.