Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои "Tamoshow" 5 март супурда мешаванд


Дар Душанбе маросими дуюми тақдими ҷоизаҳои «Tamoshow Music Awards» баргузор мешавад. Дар маросими рӯзи 5 март пуртамошобинтарин клипҳои мусиқии овозхонҳои попи Тоҷикистон дар соли 2015 қадрдонӣ мешаванд, ки аз рӯи рейтинги шабакаи Ютюб (youtube.com/tamoshow) муайян шудааст. Барои гирифтани ин ҷоизаи мӯътабари мусиқии тоҷик 20 номзад аз ҳисоби овозхонҳои маъруф мубориза мебаранд. Ширкати "Топ Медиа" – муассиси ҷоиза мегӯяд, ки ин мукофот ба хотири қадрдонии заҳматҳои овозхонҳои тоҷик ва ҳам пуштибонӣ аз истеъдодҳои миллӣ супурда мешавад. Соли 2015 овозхонҳои мисли Нигина Амонқулова, Меҳрнигори Рустам, Ҷонибек Муродов, Фарзонаи Хуршед ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG