Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари 24 фарзанд: Ҳамаашро дар хона ба дунё овардам


Нурбибӣ Мансурова
Нурбибӣ Мансурова

Шавҳари Нурбибӣ Мансурова мегӯяд, ки онҳо баъд аз шурӯи оиладорӣ нақшаи ба дунё овардани ин миқдор фарзандро надоштанд.

Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки ҳанӯз дар 14-солагияш ба шавҳар баромада буд, ҳоло соҳиби 15 фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, ки дар умум 24 тифл ба дунё овард, аммо нӯҳ навзодашро аз даст дод.

Ҳар рӯз, вақте Нурбибӣ аз кор ба хона бармегардад, фарзандони хурдсолаш ӯро бо хушӣ истиқбол мегиранд. Ин сокини Восеъ мегӯяд, ки тамоми кӯдаконашро на дар таваллудхона, балки дар манзилаш ба дунё овардааст ва барои таваллуди кӯдакон асосан ҳамсояҳои чашмикордон кумак кардаанд. "Ҳатто ба таваллуди ду фарзанди охирам шавҳар ва яке аз духтарон ёрӣ доданд," -- гуфт ӯ.

Нурбибӣ мегӯяд, баръакси занони дигар ки баъд аз таваллуди як фарзанд солҳо аз қабзаи дарду беморӣ халос намешаванд, ҳоло саломаташ хуб аст: "Ба ман таваллуди ин ҳама фарзандон ба осонӣ даст додааст. Баъзе аз занон таваллуд мекунанд ва ҳафт ё даҳ сол аз дарду беморӣ шикоят мекунанд. Вале ман аслан дар ин бора шикоят надорам. Ман комилан саломат ҳастам."

Зани тоҷик 24 фарзанд ба дунё овардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Қурбоналӣ Эшматов, шавҳари Нурбибӣ Мансурова мегӯяд, ки онҳо баъд аз шурӯи оиладорӣ нақшаи ба дунё овардани ин миқдор кӯдакро накашидаанд ва ин ҳама хосту доди Худост. Аммо ӯ мегӯяд, онҳо як бор кӯшиш кардаанд, то аз ҳомиладории ҳамсараш пешгирӣ намоянд, вале ба қавли ӯ ҳеч яке аз доруҳо кумак накардааст.

Қурбоналӣ Эшматов гуфт: "Як бор барои пешгирӣ аз ҳомиладорӣ дору харидем. Он дору хеле гарон буд ва бо вуҷуди ҳамин ҳам кумак накард. Як рӯз ба яке аз дӯстони табибам гуфтам, ки ягон илоҷашро ёбад, то дигар кӯдак таваллуд нашавад. Кофӣ аст."

Нурбибӣ ва шавҳараш Қурбоналӣ дигар намехоҳанд саффи кӯдакони худро аз ин зиёдтар кунанд. Чун, ба қавли онҳо, нигоҳубин ва бузург кардану таҳсил додан ва оиладор намудани ин миқдор фарзанд осон нест. Ҳоло Нурбибии 47-сола дар бозор кор мекунад ва шавҳараш барқчӣ аст. Ба қавли Қурбоналӣ Эшматов, тамоми даромади якмоҳаи онҳо ба тақрибан 150 доллар баробар аст, ки барои ҳамаи харҷи хонавода кифоят намекунад. Онҳо мегӯянд, барои дастгирияшон давлат низ кумак намекунад.

"Барои мо ғизо ва либос намерасад. Баъзе ҳамсояҳо вақте барои фарзандони худашон либоси нав мегиранд, кӯшнаашро напартофта ба мо медиҳанд," -- мегӯяд Нурбибӣ. Ин хонавода ба умеди он ки шояд баъзе аз сокинон баъди огоҳ шудан аз вазъияти онҳо барояшон дасти кумак дароз кунад, ба наворбардорӣ розӣ шуданд.

Барои он ки даромади тақрибан 150-доллараии ин хонаводаи серфарзанд то охири моҳ бирасад ва онҳо қарздор нашаванд, зану шавҳар нақшаи сарфу харҷи онро таҳия мекунанд. Дар навбати аввал онҳо ба харидории маводи зарурии ғизоӣ бартарӣ медиҳанд.

Ин оила то кунун чор духтари худро ба шавҳар дода, ба зиндагии мустақилона гусел кардааанд. Писари калонии онҳо Худойдод ба синни 16 расидааст ва ӯ дар яке аз корхонаҳои сандуқсозӣ кор мекунад ва ҳар рӯз ба буҷаи оилаашон ба ҳисоби 4 доллар пул ворид мекунад.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ПТУ-и рақами 16 дарси ронандагӣ мехонад. "Баъд аз дарс дар корхонаи сандуқсозӣ кор мекунам. Дар як рӯз ду – се сандуқ месозам”, -- гуфт Худойдод.

XS
SM
MD
LG