Як рӯдхонаи кӯчак дар ноҳияи Фархор садҳо сокини шаҳраки Фархор дар ин ноҳияро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Дар ҳолати баста шудани пеши оби ин рӯдхона сокинон маҷбур аз оби шӯр ва ифлос истифода мекунанд ё тариқи мошину дучарха бо заҳмати зиёд аз маҳалҳои дигар об мекашонанд. Ин аст, ки имсол ба далели танқисӣ накашидани сокинон аз об мақомот пеши барои тоза кардани рӯдхона пеши роҳи обро набастанд.
Рӯдхонаи кӯчак аз дарёи Панҷ ҷорӣ шуда, бо даруни шаҳраки Фархор мегузарад ва дар шаҳрак танҳо рӯдхонае ҳаст, ки сокинонро бо оби ширини ошомиданӣ таъмин мекунад.
Рустам Давлатов, сокини кӯчаи Умари Хайёми шаҳраки Фархор 31 декбар дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз аз ин рӯдхона ду бор 40-летрӣ ба хонааш об мебарад. "Агар ин об набошад, мардум бештар азоб мекашанд. Мо ҳама вақт аз ин об истифода мебарем. Дар фасли тобистон каме лой ҳам бошад, дар зарфҳо захира ва пок карда, дар рӯзгорамон истифода мебарем," -- афзуд мусоҳиби мо.
Дар лаби ин рӯдхонаи кӯчак, аз ҳамаи кӯчаҳои шаҳрак сокинонро дидан мумкин аст, ки яке бо дучарха, дигаре бо мошин ва ароба барои бурдани об лаби ин рӯдхона гирд меоянд. Зилол Хидирова, як сокини дигари кӯчаи Максим Горкий дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, аз сабаби он ки мардони хонаводаҳо дар кор қарор доранд, ӯ рӯзи худро бо кашондани об аз ин рӯдхона сипарӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд, ки занҳо барои кашондани об ҳудуди як ё ду километр роҳро тай мекунанд. "Аммо ин рӯдхона дар гузашта тозаву озода буд, ҳоло чандин боз рӯи тозагиро надидааст," -- гуфт Зилол Хидирова.
Солҳои гузашта дар моҳҳои ноябр-декабр оби ин рӯдхона баста мешуд. Ҳоло аз камчин шудани об, оби ин рӯдхона аз саргаҳаш баста намешавад, то сокинон беоб намонанд.
Замира, як сокини кӯчаи Фирдавсӣ дар шаҳраки Фархор, гуфт, дар хонаи падар аз об танқисӣ мекашид ва замоне ки ба хонадони шавҳар омад, аз ин моҷаро каме халос хӯрд. Ба гуфтаи ин сокини шаҳраки Фархор, ҳарчанд каме дур ҳам бошад, мисли хонаи падар бо хару ароба об намекашонад.
Танқисии оби ошомиданӣ дар Фархор дар ҳолест, ки бо кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ аҳолии баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар моҳи ноябри соли 2012 ба оби тоза дастрасӣ пайдо карда буданд.