Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Зайниддин Юсуфов, муовини раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Фархор ба иттиҳоми серзанӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ идома дорад.
Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар назар аст дар авоили соли 2016 ҳукми додгоҳ дар ин замина содир шавад.
Муҳокимаи парвандаи муовини раиси ҲНИТ дар ноҳияи Фархор махфӣ набуда, мурофиа ба таври кушод ҷараён дорад.
Зимнан, 27 ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро ба ҷурмҳои даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карда буд.
Зайниддин Юсуфов пас аз боздошти раиси Ҳасан Раҳимов ҳамроҳи бародараш дастгир шуда буд.
Вай хатмкардаи донишгоҳи тибии Тоҷикистон буда ва дар беморхонаи ноҳияи Фархор фаъолият мекард.
Зайниддин Юсуфов дар интихоботи Маҷлиси намояндагон дар моҳи марти соли равон дар ҳавзаи ноҳияи Фархор ҳамчун номзади ҲНИТ мубориза бурд ва аз раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Сайидҷаъфар Исмонов шикаст хӯрд.