Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон сабти ном шуд

Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015
Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 11 декабр Иттиҳодияи адвокатҳои кишварро расман ба қайд гирифт ва ба ин созмон шаҳодатномаи фаъолиятро супурд. Анҷумани нахустини муассисони ин иттиҳодия рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд.

Абдуқаюм Юсуфов, котиби раёсати Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки шаҳодатномаи Вазорати адлия имкон медиҳад, то намояндагии онҳо дар шаҳру навоҳиии кишвар созмон дода шавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов -- раиси Иттифоқи адвокатҳоро аз фаъолияти вакилӣ маҳрум кардааст. Нуриддинов дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар анҷумани вакилони мудофеъ ба ин мақом интихоб шуда буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Русия таҳрими нав ҷорӣ мекунад

Парчами Иттиҳоди Аврупо дар Брюсел
Парчами Иттиҳоди Аврупо дар Брюсел

Иттиҳоди Аврупо дар ростои сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Укарина таҳрими нав нисбат ба ин кишвар ҷорӣ мекунад.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва дар моҳи феврали соли 2025 аз ин ҳамла се сол сипарӣ мешавад.

Нашрияи "Welt am Sonntag" бо такя ба манобеаш дар Иттиҳоди Аврупо навиштааст, ки тарҳи таҳрими нав таҳия мешавад ва ҳадаф “паёми рӯшан ба Маскав аст.”

Қарор аст, ки нисбат ба бахшҳое аз иқтисоди Русия, ки то кунун таҳрим нашуда буданд, таҳрим ҷорӣ шавад. Афроду созмонҳое ҳам, ки ба нафъи Русия ташвиқот мебаранд ва мухолифи якпорчагии Украина ҳастанд, таҳрим мешаванд.

Дар ҷанги тақрибан се солаи Русия дар Укарина аз ду тараф садҳо ҳазор нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Кишварҳои аврупоӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва Русияро борҳо таҳрим кардаанд.

Дар ҳамлае дар Покистон 16 сарбозу афсар кушта шудааст

Сарбозони покистонӣ дар як дидбонгоҳи марзӣ
Сарбозони покистонӣ дар як дидбонгоҳи марзӣ

Ҷангҷӯён дар марзи Покистон бо Афғонистон дар ҳамлае 16 сарбозу афсари Хадамоти амнияти ин кишварро куштаанд.

Ҳидоятуллоҳ, сардори пулиси ноҳияи Ладдӣ дар Покистон бо бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷангҷӯён соати 2-и шаби 21-уми декабр ба дидбонгоҳи марзӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, 16 сарбозу афсар кушта ва 8 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” масъулияти ҳамларо бар душ гирифтааст.

Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки 35 корманди Хадамоти амнияти Покистонро куштааст.

Тасдиқи дурустии иддаои ин гурӯҳ мушкил аст.

Пас аз онки дар соли 2021 Толибон Афғонистонро ишғол карданд, гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” фаъолтар шудааст.

Маркази омӯзишӣ низоъ ва амният дар Покистон дар охирин ҳисоботаш гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ 240 нафар кушта шудаанд, ки 68 нафарашон маъмурони амниятӣ ҳастанд.

10 миллион доллар ҷоиза барои пайдо кардани Ҷулонӣ бекор шуд

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд
Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд

Амрико пешниҳоди 10 миллион доллар ҷоиза барои Аҳмад ал-Шараъ, раҳбари созмони "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро бекор кард.

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд, пас аз фирори Башор Асад дар 8-уми декабр ҳоло амалан раҳбари Сурия аст.

Чанд рӯз пеш намояндаҳои ИМА дар Димишқ бо ӯ суҳбат карданд ва қарори лағви ҷоиза барои хабар додан аз макони ӯ бекор шуд.

Барбара Лиф, ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ки ҳайати амрикоиро раҳбари мекард, суҳбат бо Аҳмад ал-Шараъро “созанда” ва худи ӯро одами “воқеъбин” тавсиф кард.

Намояндаҳои Амрико бо ӯ дар бораи ояндаи Сурия ва таҳдидҳои террористӣ суҳбат карданд. Барбара Лиф гуфтааст, ки Ҷулонӣ омодаи ҳамкорӣ ҳаст.

Ҳамзамон масъалаи бекор кардани таҳримҳо нисбат ба Сурия, ки дар замони Башор Асад ҷорӣ шуда буд, дар ин суҳбат матраҳ шудааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки дар гузашта бо “Ал-Қоида” робита дошт, дар феҳрасти созмонҳои террористии аксари кишварҳои дунё қарор дорад. ИМА барои хабар додан аз макони раҳбари он, Абумуҳаммад Ҷулонӣ 10 миллион доллар ваъда карда буд.

Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар суҳбат бо расонаҳо пайвастанаш бо "Ал-Қоида"-ро "хатои ҷавонӣ" дониста, ба таъкид мегӯяд, ки Сурияро ба як кишвари озод табдил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Сурия як кишваре хоҳад шуд, ки занон дар он озодона кору таҳсил хоҳанд кард ва ҳама қавму миллат баробар хоҳанд буд.

Дар замони ҳукумати ӯ дар Идлиб масеҳиён озод буданд ва калисои онҳо кор мекард. Шояд кору рафторҳои ахираш буд, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ӯ то андозае тағйир кардааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки аз соли 2015 шаҳри Идлиби Сурияро дар ихтиёр дошт, охири моҳи ноябр ҳамлаи густардае алайҳи нерӯҳои Башор Асадро оғоз кард. Рӯзи 8 уми декабр артиши ҳукумати Башор Асад таслим шуд ва худи ӯ аз кишвар фирор кард. "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бо раҳбарии Абумуҳаммад Ҷулонӣ назорати Димишқро дар ихтиёр гирифтанд.

Онҳо ба ҳукуматдории беш аз 50-солаи хонаводаи Асад, ки бо зулму ситам ба мардум ном бароварда буд, поён доданд. Ҳоло намояндаҳои аксари кишварҳои дунё бо "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" робита барқарор кардаанд ва масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани онро баррасӣ доранд.

Ихроҷи 88 тоҷикистонӣ аз хоки ИМА дар чор соли гузашта

Зиндоне дар аёлати Иллинойси ИМА
Зиндоне дар аёлати Иллинойси ИМА

Дар давоми чор соли гузашта  аз хоки ИМА 88 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст ва сабаби асосии ин ихроҷҳо қонуншиканӣ будааст.

Дар ин бора як омори муфассали Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА хабар додааст, ки рӯзи 20 декабр дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд. Омор марҳилаи аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024-ро фаро мегирад.

Дар гузориши муфассали мақомоти муҳоҷирати Амрико омори тамоми шаҳрвандони хориҷие оварда шудааст, ки дар қаламрави ин кишвар дар муддати чор соли гузашта ҳабс, боздошт ё ихроҷ шудаанд.

Дар ин муддат 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва аз миёни онҳо 103 нафарашон ҳабс шудаанд, омадааст дар ин санади расмӣ.

Ҷузъиёти вобаста ба навъи қонуншиканиҳои эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИМА нашр намешавад.

Вале дар бораи як парвандаи боздошти гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам бо такя ба FBI – Хадамоти федеролии амнияти Амрико – хабар дода буданд.

Моҳи июн ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иртибот ба гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" дар шаҳрҳои Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Чор моҳ баъд - моҳи октябр мақомоти Амрико гуфтанд, аз онҳо се нафарро ба Тоҷикистон ва Русия баргардондаанд ва боқимондаҳо дар боздошт мемонанд.

Сарнавишти баъдии онҳо маълум нест ва мақомот дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ихроҷи рекордӣ аз ИМА

Дар маҷмӯъ, ба навиштаи Идораи муҳоҷират ва гумрук, аз хоки ИМА дар давоми 12 моҳи гузашта 270 ҳазор шаҳрванди 192 давлат ихроҷ шудаанд ва ин баландтарин нишондод дар солҳои охир будааст. Пеш аз болотарин нишондоди ихроҷ аз хоки ИМА дар соли 2014 ба қайд гирифта шуда буд, вақте мақомот беш аз 315 ҳазор хориҷиро аз хоки ин кишвар берун карданд.

Президенти мунтахаб Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ яке аз корҳои муҳими давраи нави раёсатҷумҳуриаш хоҳад буд. Дар давраи аввали раҳбариаш ӯ барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи ИМА тавассути Мексика дар сарҳадро девор сохт, вале амали мақомоти Амрико мавриди интиқоду маҳкумиятҳои зиёди ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гардид.

Маҳз қаламрави Мексика солҳои охир як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон гардидааст. Тоҷикистониҳои зиёде, ки аз бекорӣ ва даромади ночиз дар ватанашон фирор мекунанд, талош доранд бо ҳар роҳ ба Амрико роҳ ёбанд. Омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар Олмон шумори қурбониҳои ҳодисаи бозорчаи солинавӣ меафзояд

Магдебург, назди бозорчаи солинавӣ баъди ҳамлаи 20 декабр
Магдебург, назди бозорчаи солинавӣ баъди ҳамлаи 20 декабр

Дар шаҳри Магдебурги Олмон шоми 20 декабр мошине издиҳоми мардумро пахш кард ва дар натиҷа 4 кас кушта ва беш аз 200 кас маҷрӯҳ гардиданд.

Мақомот рӯзи шанбе гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо як кӯдак ҳам будааст. Ҷароҳати 90 нафар сангин арзёбӣ мешавад.

Ҳодиса шоми ҷумъа дар бозорчаи солинавии маркази шаҳр рух дод. Мошини сиёҳранги навъи BMW тахминан 400 метр ба самти калисои марказӣ мардумро пахш карда рафтааст.

Намояндаи полис гуфт, феълан сабаби ин ҳодиса маълум нест ва ҳама фарзияҳо санҷида мешаванд. Гумонбари асосии боздоштшуда – як табиби 50-солаи зодаи Арабистони Саудӣ аст, ки ӯро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд.

Матбуоти маҳаллӣ навиштааст, ки гумонбар аз соли 2006 бо мақсади таҳсил ба Олмон рафта соли 2016 мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардааст. Сабаби содир шудани ҷиноят феълан маълум нест.

Матбуоти олмонӣ бар пояи таҳлили навиштаҳои ин мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ин шахс зидди ифротгароии динӣ буд, нисбат ба Ислом диди танқидӣ дошт ва аз тарафдорони ислоҳот дар қонунҳои муҳоҷирати Олмон буд.

Маҷлиси намояндагони ИМА аз қатъи кори ҳукумат пешгирӣ намуд

Шоми ҷумъа, 20-уми декабр Маҷлиси намояндагони ИМА  тарҳи қонунеро қабул кард, ки аз қатъи  кори ҳукумат пешгирӣ мекунад. 

Қаблан президенти мунтахаб Доналд Трамп тақозо карда буд, ки ба хотири боло бурдани лимит ё маҳдудияти қарзи хориҷии давлатӣ қонун қабул нашавад.

“Садои Амрико” навишт, барои қабули тарҳи қонун 366 тарафдор ва 34 вакил – мухолиф овоз доданд. Ҳамакнун ин қонунро бояд Сенат қабул карда баъд он ба имзои президент Ҷо Байден фиристода шавад.

Байден гуфт, ба хотири кори бетанаффуси ҳукумат ин санадро имзо мекунад. Тарҳи қонун тамдиди маблағгузории кори ҳукуматро то 14 март ва барои иёлоти аз офатҳои табиӣ зарардида додани 100 миллилард долларро пешбинӣ мекунад.

Айни замон, дар ин тарҳ навишта нашудааст, ки меъёри ҳадди аксари қарзи давлатӣ, ки Трамп ваъда додааст ин масъаларо то 20 январ ҳал кунад, чӣ қадар бояд бошад.

Агар кори ҳукумат қатъ мешуд, миллионҳо корманди сохторҳои ҳукуматии ИМА наметавонистанд сари вақт маоши худро дарёфт кунанд ва дар остонаи Соли нав соҳаҳои мисли туризму меҳмонхонаву ширкатҳои ҳавоӣ миллиардҳо доллар зарар медиданд.

навшуда

Ҳуҷуми паҳподҳо ба шаҳри Қазон

Ҳамлаи паҳподҳо ба баландошёнаҳо дар Қазон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

Субҳи шанбе, 21-уми декабр ба чанд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия  паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кард.

Мақомоти Тотористон гуфтанд, ки ҳашт паҳподи украинӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва як корхонаи саноатии шаҳр ҳамла кардааст. Хабар дар бораи талафоти эҳтимолӣ нашр намешавад, вале беморхонаҳо дар шароити изтирорӣ кор мекунанд, мегӯяд Радио Свобода.

Фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қазон, Ижевск ва Саратов муваққатан аз кор мондаанд. Мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ва ҳам бархе марказҳои тиҷоратӣ муваққатан баста шудаанд, мардумро ташвиқ мекунанд дар паноҳгоҳҳо бошанд.

Вазорати дифои Русия гуфт, паҳподҳо чун мавҷ якбора аз чанд самти шаҳр ҳуҷум кардаанд.

Пешбарии 6 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба интихобот

Акс аз анҷумани ҳизби сотсиалистии Тоҷикисто: khovar.tj
Акс аз анҷумани ҳизби сотсиалистии Тоҷикисто: khovar.tj

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани  ахир шаш узвашро барои номзадӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 барпо мешавад, пешбарӣ намуд.

Дар анҷумани ҳизб, ки 21 декабр дар Душанбе барпо шуд, ба навиштаи АМИТ “Ховар”, номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода, муовини якуми раис - Муртазо Аҳмадзода, муовинони раис Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд Маъруф Юсупов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Майсара Аброқуловаро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Пеш аз ин анҷуманҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо пешбарии 28 номзад ва ҳизби демократии Тоҷикистон бо пешбарии панҷ намоянда ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расиданд.

Дар Тоҷикистон баъди соли 2015 аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳақи идомаи фаъолиятро дорад, вале ҳеҷ яки онҳо дар мавқеи интиқод ё мухолифати воқеъӣ қарор надоранд.

Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Киев, зарбаи Украина ба Курск

Киев, Украина, 20-уми декабри соли 2024
Киев, Украина, 20-уми декабри соли 2024

Украина рӯзи 20-уми декабр ба вилояти Курски Русия ҳамлаи мушакии маргбор анҷом дод.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, дар ин ҳамла аз мушакҳои HIMARS истифода шудааст.

Тибқи иттилои шабакаи “Mash” дар Телеграм, ҳадди ақал панҷ нафар кушта ва 26 кас захмӣ гардиданд. Чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла коллеҷи омӯзгорӣ, маркази фарҳангӣ ва мактаб дар шаҳри Рилск низ вайрон шудааст.

Аз он пеш Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳуҷуми густурдаи ҳавоӣ кард. Дар ин ҳодиса як нафар кушта, як калисои таърихӣ ва чанд бино, аз ҷумла шаш сафоратхона, зарар диданд.

Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, гуфт, ба далели ҳамлаҳои мушакии Русия дар саросари Украина бонги хатар садо дод.

“Танҳо ба самти Киев ҳашт мушак, аз ҷумла мушакҳои моваросавтии “Кинжал” ва мушакҳои дурпарвози Искандер/КН-23 партофта шуданд,” – афзуд ӯ.

Намояндаи “Барқи тоҷик”: Нерӯи барқ қатъ шуд, ба мо занг назанед

Як намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми кишвар хостааст, дар ҳолати қатъ шудани нерӯи барқ дигар ба онҳо муроҷиат накунанд, балки ба шабакаҳои тақсимоти барқ занг зананд.

Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик”, дар Фейсбук навиштааст, қатъи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он, дигар кори ширкати онҳо нест. Аҳмадзода навиштааст, сарфи назар аз ин, мардум “ҳамоно шикоятҳояшонро ба суроғаи "Барқи тоҷик" равон мекунанд.”

Сухангӯи ин ширкат навиштааст, аҳолӣ ҳангоми қатъ шудани барқ бояд ба сомонаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ворид шуда, рақами заруриро барои тамос онҷо пайдо кунанд.

Мо ба рақами “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки дар сомонааш гузошта шудааст, занг задем ва дар бораи реҷаи интиқоли барқ пурсидем. Намояндагони ин ширкат ба суолҳои мо посухи дақиқ надоданд.

Бо фаро расидани сардӣ шикоятҳо аз қатъи барқ дар кишвар зиёд шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе ҳам мегӯянд, ки барқашон зуд-зуд қатъ мешавад. Аз ҷумла, шоми 19-уми декабр дар маркази шаҳри Душанбе барқ барои тақрибан як соат қатъ шуд.

Аз охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.

Таҷлили шаби Ялдо, шаби дарозтарини сол

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаби 20 ба 21-уми декабри имсол ҷашни шаби Ялдо таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон ин идро дар маҳфилҳои ҷудогона ҷашн мегиранд, на дар сатҳи расмӣ.

Мардуми Эрон ва Афғонистон маъмулан гирди дасторхони идона ҷамъ шуда, шеъру таронахонӣ мекунанд.

Абдуҷалол Сафаров, устоди факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби Ялдо пеш аз ҳама заминаҳои илмӣ дорад.

"Шаби Ялдо ба инқилоби зимистонӣ рост меояд, ки ҳамасола тахминан рӯзҳои 20-21-уми декабр рӯй медиҳад," – гуфт ӯ.

ЮНЕСКО ё Созмони Илмӣ, Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид соли 2022 бо пешниҳоди Эрону Афғонистон "Шаби Ялдо"-ро ба унвони мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и фарҳанги ҷаҳонӣ сабт кард.

"Милисаҳо гуфтанд, дар инҷо намонед." Дару тирезаҳои оҳанин дар Конибодом

Сокинон бовар доранд, ки кушодани панҷараҳои оҳанин осон нест
Сокинон бовар доранд, ки кушодани панҷараҳои оҳанин осон нест

Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, шабона аз тарс хоби ором надоранд ва бинобар ин дару тирезаҳои хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карданд.

Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила ба таври мармуз кушта шуд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад, вале дар бораи боздошти гумонзадҳо ба таври расмӣ хабар дода нашудааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми декабр чанд наворе дарёфт кард, ки тибқи он сокинони деҳаҳои Конибодом дару тирезаи хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам кардаанд. Яке аз занон мегӯяд, “инро дар ҳаёташ кушода наметавонад”.

“Худо хоҳад, дигар ором ҳастем”, -- изҳори умед кардааст сокини дигари Конибодом. Ӯ ҳам дар навор панҷараи оҳанини хонаашро нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом дидбонгоҳ гузошта шуда, дар деҳаҳо сарбозон мегарданд. Гурӯҳе аз сокинон шабона оташ рӯшан карда, навбатдорӣ мекунанд.

Бархе сокинони деҳаи Ҳисорак (Қӯрғончаи собиқ) дар Конибодом мегӯянд, шабро асосан дар хонаи наздикон дар марказ мегузаронанд. Шаби 15 ба 16-уми декабр дар ин деҳа чор нафар аз ду оила ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд.

“Ҳамаамон ба хонаи хоҳарам рафтем. Милисаҳо гуфтанд, дар рӯшноӣ равед, илтимос, дар инҷо хоб наравед. То замони ёфтани сабабгорони ҳодиса дар инҷо намонед. Ба ҳамсояҳо ҳам гуфтанд, ҳама рафт,” – гуфт Назира, сокини Ҳисорак.

Навор дар Инстаграм:

Дар як моҳи охир дар Конибодом даҳ узви се оила кушта шуд. Шумори умумии кушташудаҳо дар тақрибан як соли охир дар ин минтақа аз 20 нафар гузашт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар пайванд ба кушторҳои пешина дар Конибодом ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, вале наздиконашон онҳоро бегуноҳ донистанд.

КМИР-и Тоҷикистон шумори интихобкунандагонро эълон кард

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ояндаро эълон кард.

Ба ҳисоби Комиссияи интихобот, шумораи эҳтимолии раъйдиҳандагон дар кишвар каме бештар аз 5,5 миллион нафар аст.

Аз 63 вакили порлумони Тоҷикистон 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 каси дигар дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихобот мешаванд.

Интихоботи порлумонӣ дар кишвар 2-юми марти соли оянда баргузор мешавад. То ин дам танҳо ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзадҳои худро эълон кард.

Ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, САҲА шаффоф эътироф нашудаанд.

ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ҷавононро латукӯб мекардаанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пулиси Душанбе мегӯяд, аъзои як гурӯҳеро боздошт кард, ки ҷавононро барои пул мезадааст.

Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилии пойтахт нашр кард, дида мешавад, ки чанд нафар як ҷавонро кашола карда мезананд ва ӯ илтиҷо мекунад, ки латукӯбро бас кунанд.

Ба иттилои пулиси Душанбе, ҷавоне, ки латукӯб мешавад, Комрон Бобоев, сокини 20-солаи пойтахт аст. Ин ҷавон дар навор мегӯяд, "ба Худо, басай акаи Азиз, мемурам".

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, "Азиз Узбеков, сокини 26-солаи ноҳияи Фархор бо чанд нафар гурӯҳи ҷиноятӣ таъсис дода, барои пул наврасонро латукӯб мекардаанд".

Назари Узбеков ва шарикаш Маъруф Наимов ба қазия маълум нест. Онҳо дар ҳузури кормандони пулис ҳадди ақал аз ду ҳолате нақл мекунанд, ки наврасонро азоб додаанд.

Пулиси Душанбе мегӯяд, нисбати ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо нагуфтанд, ки бо кадом иттиҳом. Мақомот гуфтанд, шарикони дигари онҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Ин навор дар шабакаҳои "Фейсбук" ва "Инстаграм" вокунишҳои манфиро ба миён овард ва бисёре аз корбарон талаб карданд, ки афроде, ки ҷавонро латукӯб кардаанд, ҷазо гиранд.

Бори аввал нест, ки навори азоб додани ҷавонон дар шабакаҳо пахш мешавад.

"Сомон Эйр" парвозҳоро ба фурудгоҳи "Внуково" бас кардааст

Дар пайи банд мондани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Маскав, ширкати “Сомон Эйр” парвози ҳавопаймоҳояшро ба фурудгоҳи “Внуково” бас кардааст.

Корманди нуқтаи билетфурӯшии “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи “Внуково” рӯзи 20-уми декабр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймоҳои ин ширкат феълан ба “Внуково” парвоз анҷом намедиҳанд.

Дар яке аз ширкатҳои билетфурӯшии Душанбе ҳам ин маълумотро тасдиқ карда, гуфтанд, феълан аз фурудгоҳи Душанбе ба “Внуково” танҳо ширкати русии “ЮтЭйр” парвоз мекунад.

Намояндагони ширкат дар Душанбе расман дар ин бора хабар надодаанд.

Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба ду фурудгоҳи дигари Маскав “Домодедово” ва "Жуковский" ва ҳамчунин ба чанд шаҳри дигари Русия мусофир мебарад.

Баъд аз моҳи марти соли 2024 ва ҳамла ба “Крокус” даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзии Русия дармонданд.

Бештари ин шикоятҳо аз фурудгоҳи “Внуково” ба Радиои Озодӣ расид. Муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, онҳоро бидуни далел аз Русия ба Тоҷикистон баргардонданд.

Путин гуфт, муҳоҷиронро сахт бигиред

Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия аз ходимони ҳифзи қонун даъват кардааст, ки забондонии муҳоҷиронро бисанҷанд ва назорат кунанд, ки то куҷо онҳо урфу одати мардуми ин кишварро эҳтиром мекунанд.

Ин ҳарф аз забони президенти Русия рӯзи 19-уми декабр ҳангоми суҳбати мустақими телевизионӣ садо дод.

Путин, ки ба саволҳои мардум ва хабарнигорон посух медод, гуфт, “агар муҳоҷират як амри ногузир бошад, мо бояд бо шариконамон дар баъзе кишварҳо, пеш аз ҳама бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, барои омода кардани муҳоҷирон кор кунем.”

Ӯ пешниҳод кард, ки дар он кишварҳо мактаби русӣ сохта, “омӯзиши забони русиро рушд диҳанд” ва мардуме, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд “бо анъанаву фарҳанг ва талаботи қонунҳои Русия ошно шаванд.”

Маълум нест “анъанаву фарҳанги Русия”, ки Путин ба он таъкид мекунад, чӣ аст ва меъёри риояи он ё поймолкунии он кадом аст ва онро кӣ муайян мекунад.

Дар Русияи бисёрмиллату гуногунмазҳаби зери назари Путин, ки наздики 25 сол аст дар сари қудрат мебошад, муҳоҷирон ва коргарони хориҷӣ осебпазиртарин қишр дар баробари беқонуниву худсариҳои полис гардидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давраи Путин дар ҷомеаи Русия мушкилоте мисли бегонаситезиву бадбинӣ нисбати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба авҷи аълояш расид. Ҳарчанд бо заҳмати муҳоҷирони корӣ дар Русия миллиардҳо доллар ба буҷаи давлат ворид мешаванд.

Путин дар суханронии рӯзи панҷшанбеаш мавзӯи муҳоҷиратро “ҳассос ва дарднок” номид. Ӯ иқрор кард, дар Русия садҳо ҳазор дасти корӣ намерасад ва гуфт, барои кам кардани муҳоҷирон маҳсулнокии кор бояд боло бурда шавад ва тамаркуз ба соҳаҳои дорои фанновариҳои пешрафта карда шавад. Ин даъвати гурӯҳҳои нажодпараст аст, ки умуман ба манъ кардани ҳузури "бегонагон" дар Русия даъват мекунанд.

Соли 2024 баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав, ки дар шароити бисёр суолбарангез рух дод, асосан муҳоҷирони тоҷикро гунаҳкор карданд. Баъди ин Думаи давлатӣ беш аз 30 қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирон дар ин кишварро қабул кард, ки яке аз охиринҳояш манъи ба мактаб қабул кардани фарзандони муҳоҷирон дар сурати надонистани забони русӣ дониста мешавад. Инро ҳам бисёриҳо чун як намунаи дигари бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон танқид карданд.

Дар Душанбе тарҳи марз бо Қирғизистон баррасӣ шудааст

Намояндаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе
Намояндаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзи миёни ду кишварро дар Душанбе баҳс кардаанд.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории маконнигорӣ ва ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ рӯзи 19-уми декабр ба анҷом расидааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" хабар додааст, ки ин ҷаласа нӯҳ рӯз идома кард.

Дар хабар аз номи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки баробар бо ин мулоқот, корҳо дар самти таҳияи тарҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд.

Қарор аст ҷаласаи баъдӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳафта пеш хабар доданд, ки дар таъини хати сарҳади байни ду кишвар ба мувофиқаи ниҳоӣ даст ёфтаанд ва қадами баъдӣ, имзои санадҳои байнидавлатӣ дар бораи хати марзи муштарак мебошад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҷараёни ин музокираҳо Душанбе ва Бишкек ба гузаштҳое розӣ шуданд, вале ҷузъиёти мувофиқаҳои бадастомада нашр намешавад. Фақат мақомот гуфтанд, ки баъди анҷоми марҳилаҳои ҳуқуқии омодасозии тамоми тарҳҳои созишномаву нақшаи хати сарҳади мувофиқашуда ин санадҳо аз ҷониби порлумону президентони ду кишвар имзо мешавад.

Дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳои 2021 ва 2022 муноқишаҳои пурқурбониву пурхушунате рух дода буд, ки як сабабаш баҳснок будани қитъаҳои марзии байни деҳоти ду ҳамсоякишвар гуфта мешавад.

Ҳукми марди фаронсавие, ки занашро ҳамроҳ бо даҳҳо мард таҷовуз карда буд, содир шуд

Жизел Пелико, зани фаронсавие, ки таҷовузи гурӯҳи шудааст.
Жизел Пелико, зани фаронсавие, ки таҷовузи гурӯҳи шудааст.

Додгоҳе дар Фаронса имрӯз аз рӯи парвандаи таҷовузи гурӯҳӣ ба номуси як зан қарор қабул кард. Доминик Пелико барои ташкили таҷовузи гурӯҳии ҳамсараш Жизел Пеликои ҳоло 72-сола ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Қазияе, ки бисёриҳоро таконзада кард, бозгӯи ваҳшониятҳои зиёде дар давоми даҳ соли зиндагии ин зан мебошад. Парвандае, ки соли 2020 боз шуд, ошкор намуд, ки Доминик Пелико, сокини деҳае дар Авинйони Фаронса дар давоми даҳ сол ҳамсарашро ба таври пинҳонӣ маводи дорувори мадҳушкунанда дода, дар ин муддат камаш 51 мардро барои таҷовуз ба номуси ҳамсараш Жизел Пелико роҳ додааст. Бисёр ҷиноятҳо бар асоси наворҳои видеоии сабткардаи ин мард ошкор гардид.

Мардони дигаре, ки дар ин таҷовузи гурӯҳӣ ширкат доштаанд, аз 5 то 15 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ Доминик Пелико эътироф кардааст, ки худ ва дигар мардон ба номуси ҳамсари мадҳушаш борҳо таҷовуз кардаанд. Дар курсии айбдоршавандаҳо мардони 22 то 70-солаи дорои касбу кори гуногун мебошанд.

Жизел Пелико, ки дар оғоз аз расонаӣ шудани муҳокимаҳои додгоҳӣ худдорӣ мекард, дар ниҳоят гуфт, баръакс бояд ҳама бидонанд, ки бо ӯ чӣ шуд, то ки пеши роҳи айни чунин ҷиноятҳо дар нисбати дигар қурбониҳо гирифта шавад.

HRW низ Исроилро ба наслкушӣ айбдор кард

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ҳазорон тифл куштаву захмӣ шудааст.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ҳазорон тифл куштаву захмӣ шудааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар-Human Rights Watch (HRW) гуфт, Исроил бо маҳрум кардани сокинони Ғазза аз об даст ба амали наслкушӣ задааст.

Исроил иттиҳоми наслкушӣ дар Ғаззаро рад мекунад.

Human Rights Watch рӯзи 19-уми декабр гуфт, ки Исроил бо пешгирии фаластиниҳои Ғазза аз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин амалаш аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баробар бо наслкушӣ ва куштор мебошад.

Дар гузорише, ки дар сомонаи ин созмон нашр шуд, рафторҳои Исроил хилофи арзишҳои инсонӣ ва қонунҳои байналмилалӣ номида шудааст.

“Ин сиёсат, ба унвони бахше аз куштори ҷамъии фаластиниёни мулкӣ дар Ғазза амалӣ мешавад, маънои онро дорад, ки мақомоти Исроил даст ба куштор алайҳи инсоният задаанд, ки ҳамчунон идома дорад. Ин сиёсат инчунин бар асоси Эъломияи наслкушии соли 1948 чун “амали наслкушӣ” арзёбӣ мешавад”, гуфтааст созмони ҳомии ҳуқуқи инсон.

Исроил батакрор иттиҳоми наслкуширо рад карда гуфтааст, ки қонунҳои байналмилалиро эҳтиром қоил аст ва ҳақ дорад, баъди ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023-и Ҳамос ба қаламраваш аз худ дифоъ кунад. Вазорати корҳои хориқии Исроил дар саҳифааш дар Х навишт: “Ҳақиқат комилан хилофи дурӯғҳои HRW аст”.

HRW баъди созмони дигари ҳомии ҳуқуқи инсон Афви байнулмилал дуюмин ташкилоти бонуфуз аст, ки дар давоми як моҳи ахир амалҳои Исроилро дар Ғазза наслкушӣ номидааст.

Гузоришҳо аз кушта шудани "садҳо сарбоз"-и Кореяи Шимолӣ дар Курск

Садҳо сарбози Кореяи Шимолӣ дар вилояти Курск кушта ё захмӣ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ва рӯзномаи The New York Times бо такя ба мақомҳои баландпояи Пентагон хабар доданд.

Ин аввалин баҳодиҳӣ ба талафоти низомиёни Кореяи Шимолӣ аст, ки аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷанганд. Ҳамсуҳбатони ду расона омори дақиқи талафоти сарбозони Кореяро зикр накардаанд, аммо гуфтаанд, талафоти онҳо хеле зиёд аст, чун таҷрибаи ҷангӣ надоранд.

Ба иттилои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, неруҳои заминии Кореяи Шимолӣ ҳам бо артиши Русия ва ҳам ҷудогона меҷанганд. Қаблан Вазорати дифои Амрико ва Кохи Сафед аз кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ хабар дода буданд, аммо ҷузъиёт надоданд.

Ба иттилои хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Русия рӯзона то 1200 сарбозро дар ҷанг алайҳи Украина аз даст медиҳад ва то ҳол натавонистаанд ин талафотро ҷуброн кунад.

Ба иттилои хадамотҳои истихборотии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, моҳи октябри имсол аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи шимолӣ ба вилояти Курски Русия фиристода шудаанд.

Номзадҳои ҲХДТ барои интихоботи порлумонӣ муайян шуданд

Tajikistan,Dushanbe city, People democratic party Assembly hold in Dushanbe.18.12.2024
Tajikistan,Dushanbe city, People democratic party Assembly hold in Dushanbe.18.12.2024

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон 28 номзади худ барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ояндаро аз рӯйхати ҳизбӣ тасдиқ кардааст. Тасдиқи номзадҳо рӯзи 18-уми декабр ва дар анҷумани ин ҳизб сурат гирифтааст.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” аз номзадҳои ҳизби халқии демократӣ, 2 нафари онҳо аз ВМКБ, 9 нафар аз Хатлон, 6 нафар аз Суғд, 6 номзад аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 5 нафари дигар аз шаҳри Душанбе мебошанд. 11 нафари онҳо бонувон ва 17 нафар мардон будаанд.

ҲХДТ аз ҷумла, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Саодатшо Матробиён, вакили феълии порлумон, Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси идораи ҳифзи сирри давлатӣ, Фарангиз Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёт ва чанд мансабдори дигарро барои вакилӣ пешниҳод кардааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбараш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, аксари курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Мухолифони ҳукумат ҲХДТ-ро ба истифода аз имкониятҳои давлатӣ муттаҳам мекунанд. Қарор аст интихоботи порлумонӣ 2-юми марти соли оянда баргузор шавад.

Дабири кулли СММ саҳми муҳоҷиронро "бисёр муҳим" донист

Антонио Гуттериш
Антонио Гуттериш

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш саҳми муҳоҷиронро дар рушди ҷомеа, иқтисод ва пешрафти кишварҳо бисёр муҳим донист.

Изҳороти ӯ 18-уми декабр ба муносибати рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон садо дод.

Гутерриш гуфт, бо вуҷуди саҳми арзандаашон, муҳоҷирон бисёр вақт бо мушкилоте ба мисли табъйиз, хушунат, суистифода аз кори онҳо ва ҳатто хариду фурӯш рӯ ба рӯ мешаванд.

Ин ҳарфҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳам мувофиқат мекунад, ки душвории зиёдеро барои таъмини зиндагии беҳтари хонаводаҳояшон дар ватан таҳаммул мекунанд.

Марги ду наврас аз дуди ангишт дар Шаҳристон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду кӯдак, яке шаш ва дигаре сездаҳсола, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Дуи дигар, яке даҳ ва дигаре чордаҳсола, дар ҳолати вазнин ҳастанд.

Ҳодиса шаби 17-уми декабр рӯй дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр гуфт, ҳамаи онҳо аз як оила ҳастанд ва аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.

“Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Мутаассифона, бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд,” – гуфта шудааст дар баёнияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Мақомоти ин ниҳоди давлатӣ ҳамзамон аз сокинон дар гӯшаҳои Тоҷикистон хостаанд, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар фасли зимистон эҳтиёт кунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва дар минтақаҳо барои гарм кардани хонаҳо бештар аз ангишту ҳезум истифода мекунанд.

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт моҳи марти соли 2024 се нафар дар деҳаи Турушбоғи Ҳисор ҷон бохтанд.

Моҳи декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе ва аз он пештар дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон аз дуди ангишт фавтиданд.

Винисиус футболбози беҳтарини соли 2024 эълон шуд

Винисиус Ҷуниор
Винисиус Ҷуниор

FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар вебсайташ рӯйхати ғолибони The Best 2024 (Беҳтаринҳои сол)-ро нашр кард.  

Дар маросиме, ки рӯзи 17-уми декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар доир гардид, номи ғолибони ҳамаи бахшҳо аз рӯи фарзияи FIFA эълон шуд.

Бар асоси натиҷаҳои интихоби беҳтарин бозигари соли 2024 Винисиус Ҷуниори 24-сола, ҳамлагари бошгоҳи «Реал Мадрид»-и Испания ва мунтахаби Бразилия, мақоми аввалро касб намуд.

Винисиус дар соли 2024 бо бошгоҳи “Реал Мадрид” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардид ва беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Бразилиягӣ дар қаҳрамонӣ ва Суперҷоми Испания, инчунин дар Суперҷоми УЕФА пирӯзӣ ба даст овард.

Родриго Эрнандеси 28-сола, ки бо номи Родри машҳур аст, мақоми дуюмро азони худ кард. Ин футболбози испаниягӣ дар бошгоҳи футболи “Манчестер Сити”-и Англия ва мунтахаби Испания бомуваффақият бозӣ мекунад. Вай ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА ва қаҳрамони Аврупо мебошад. Соли ҷорӣ Родри барандаи “Тӯби тиллоӣ” аз рӯи фарзияи маҷаллаи France Football шудааст.

Мақоми сеюмро дар номинатсияи беҳтарин бозигари соли 2024 Ҷуд Беллингеми 21-сола, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” ва тими миллии Англия соҳиб шуд.

Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин бозигарони соли 2024 аз рӯи фарзияи FIFA:

1. Винисиус («Реал Мадрид», Бразилия).

2. Родри (Испания, «Манчестер Сити»).

3. Ҷуд Беллингем (Англия, «Реал Мадрид»).

4. Дани Карвахал (Испания, «Реал Мадрид»).

5. Ламин Ямал (Испания, «Барселона»).

6. Лионел Месси (Аргентина, «Интер Майами»).

7. Тони Кроос (Олмон, «Реал Мадрид»).

8. Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, «Манчестер Сити»).

9. Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ/«Реал Мадрид»).

10. Федерико Валверде (Уругвай, «Реал Мадрид»).

Ҳамаи ғолибони номинатсияҳо дар маросими ҷоизасупории The Best FIFA Football Awards 2024:

Беҳтарин бозигари соли 2024 байни мардон — Винисиус Ҷуниор (Реал Мадрид, Бразилия);

Беҳтарин футболбоззани соли 2024 — Айтана Бонмати (Испания, «Барселона»);

Беҳтарин мураббии соли 2024 байни мардон — Карло Анчелотти (Реал Мадрид”);

Беҳтарин мураббии соли 2024 миёни занон — Эмма Хейс (Челси, мунтахаби ИМА);

Беҳтарин дарвозабони соли 2024 миёни мардон: - Эмиляно Мартинес (Аргентина, Астон Вилла);

Беҳтарин дарвозабони соли 2024 миёни занон: Алисса Нэер (“Чикаго Ред Старз”);

Ҷоизаи Пушкаш (FIFA Puskás Award 2024) беҳтарин гол дар футболи мардона - Алехандро Гарначо (“Манчестер Юнайтед”);

Ҷоизаи Марти (FIFA Marta Award 2024) беҳтарин гол дар футболи занона – Марта (Бразилия);

Мунтахаби рамзии мардонаи соли 2024: Эмиляно Мартинез, Дани Карвахал, Антонио Рюдигер, Рубен Диас, Вилля Салиба, Беллингем, Родри, Тони Кроос, Ямал, Ҳоланд, Винисиус;

Мунтахаби рамзии занонаи соли 2024: - Нэер, Баттл, Передес, Гирма, Бронза, Бонмати, Хоран, Гийарро, Портилйо, Параллуэло, Грэм Хансен;

Беҳтарин мухлиси соли 2024 — Гилерме Гандра Моура (Бразилия);

Ҷоизаи фэйр-плей (бозии шаффоф) барои соли 2024 — Тяго Майя (Бразилия, “Интернасйонал”).

Маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои FIFA ба беҳтаринҳои соли 2024, чун анъана, охирҳои моҳи январи соли 2025 баргузор мешавад. Маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои соли 2024 рӯзи 26-уми декабр доир мегардад.

Гуфтугӯи видеоӣ. Эҳтимоли додани сабукӣ ба зиндониён дар Узбекистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилон дар Узбекистон дар хониши аввал тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он ба зиндониён ҳақ дода мешавад бо наздиконашон суҳбатҳои видеоӣ дошта бошанд.

“Газета.уз” дар ин бора рӯзи 18-уми декабр бо такя ба иттилоияи порлумони Узбекистон хабар дод.

Манбаъ ин иқдомро “инсонӣ” номид, ки “бо истифода аз фанновариҳои нав ба ислоҳи зудтари маҳбусон ва ҳамоиши онҳо бо ҷомеа баъди раҳоӣ аз зиндон мусоидат хоҳад кард”.

Агар тарҳи қонун ба ин шаклаш қабул шуд, вобаста ба хусусияти ҷазову муҳлаташ ба зиндониҳо дар як сол то 24 бор имкони барпо кардани суҳбатҳои видеоӣ фароҳам мешавад.

Вакилони порлумони Узбекистон гуфтаанд, чунин суҳбатҳо зери назорати маъмурияти зиндон ҷараён хоҳанд гирифт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG