Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вакили дифоъ дар Кӯлоб барои ришва


Як тан аз адвокатҳо ё вакилони дифоъ дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ниҳодҳои амниятии ин минтақа боздошт шудаанд. Сайвалӣ Наврӯзов, адвокати “Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб” бо номи “Адвокатҳо” рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта барои додани пора боздошт шудаанд.

Як масъули “Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб” мавсум ба “Адвокатҳо” рӯзи сешанбеи 1 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти Сайвалӣ Наврӯзовро тасдиқ карда ва гуфт, ки “ин вакили дифоъ аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаҳои 36 қисми 4 ва 320 қисми 1, яъне барои додани пора ва моил кардан, боз карда шудааст.

Ин манбаъ афзуд, «рӯзи душанбе буд, ки мақомоти амниятӣ Сайвалӣ Наврӯзовро боздошт карданд. Наврӯзовро барои гирифтани пора аз кадом як зерҳимояаш гумонбар медонанд. Ин зерҳимояи Наврӯзов алайҳи вай ба мақомот шикоят бурдааст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Сайвалӣ Наврӯзов ҳамакнун дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дар ҳабс қарор дорад. Сайвалӣ Наврӯзов, аз ҷумлаи вакилони дифои саршинос дар минтақаи Кӯлоб ҳастанд, ки бештари афрод ба хотири ҳимоя ба онҳо муроҷиат мекунанд.

XS
SM
MD
LG