Павел Астахов-гузоришгари ҳуқуқи кӯдакон дар Русия аз мақомоти ин кишвар хост, ки ба шароити куштори кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург расидагӣ кунанд. Пулиси ин шаҳр модарро аз кӯдак ҷудо кардааст ва модарро ба боздоштгоҳи пулис фиристодааст.
Умаралӣ Назаров-кӯдаки панҷмоҳа баъд аз ҷудоӣ аз модар дар шӯъбаи пулис дар шароити мармузу номаълум даргузаштааст. Модари вайро гӯё барои иқомати ғайриқонунӣ дар Русия боздошт кардаанд.
Баъд аз панҷ соат модарро аз боздошт раҳо кардаанд, вале кӯдакро ба модар барнагардонидаанд. Пулис ба волидайни кӯдак гуфтааст, ки кӯдаки онҳоро ба шифохона фиристодаанд ва кӯдак бемории диққи нафас доштааст.
Аммо падару модар мегӯянд, ки кӯдаки онҳо ҳеҷ беморӣ надошт ва вай ҳамеша зери назари пизишкон буд. Китобчаи тиббии кӯдак ҳам аз он гувоҳӣ медиҳад.
Вале баъд аз як рӯз ба падару модари кӯдак занг заданд ва ҷасади кӯдакро ба онҳо доданд.